Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мирзои Қорӣ бедонаро ба дасташ гирифта бо ангуштонаш почаҳо ва нули онро санҷид.
– Ҷонваре, паҳлавон будааст! Аммо барои чӣ бедонаат
1 интухин лоғар? – гуфт бой, зеро ӯ то алҳол бедонаҳоро фақат барои кабоб карда хӯрдан мехарид ва гумон мекард, ки бедонаи ҷангӣ ҳам бояд фарбеҳ бошад.
– Ҳамту, бойамак. – Кали Ашӯр лабханд карда ба дил гузаронд, ки: «Аблаҳ, худатро ба ман бедонашинос нишон медиҳию балоро намедонӣ!»
– Агар ман ба ҳамин бедонаат харидор шавам, мефурӯшӣ? – якбора пурсид бой.
Бедонабоз ҳайрон шуд:
– Фурӯшам? Шумо бедонабоз набудед–ку, бойамак?
– Дар Кармина як ошно дорам, – бардурӯғ гуфт бой, – худаш аз калоншавандаҳо. Хоҳиш карда буд, ки «ба ман аз Ғиждувон як бедонаи нағзро савғотӣ биёр».
– Хуб, ин тавр бошад, савдо кунед, бойамак. Ман ин бедонаи ҷангараамро сад тилло диҳанд ҳам, намефурӯхтам–ку, модом ки шумо даҳан андохтед, майлаш, садқаи саратон, мефурӯшам.
Савдо карданд, Ашӯр як–ду гузашт карду аз сесад танга паст нафуромад. Мирзои Қорӣ, ки ба ёфтани дили тӯра ҷазм карда буд, кӯр шуда сесад тангаро бароварда, шумурда дод.
Кали айёр ба ҳар эҳтимол, агарчи дар шаҳри дигар – дар Кармина ҳам бошад, пайдо шудани рақиберо ба дигар бедонаҳои ҷангии худ намехост, ба илова ӯ дар дили худ Мирзоакрамбойро аз ваҷҳи бедонаношиносиаш ва аммо худро бедонашинос ба қалам доданаш масхара мекард, бинобар ин, бо истеҳзои пинҳонӣ ба ӯ чунин маслиҳат дод:
– Бедонаро аввал ягон ҳафта парвариш кунед, ки фарбеҳ шавад, бойамак, баъд ба ошнои карминагиатон савғотӣ баред.

. Интухин – ин тавр (ба лаҳҷаи мардуми Бухоро).

пешина
аз 471
навбатӣ