АХТАРОНИ АДАБ

ки боз бо чӣ роҳе, воситае, тадбире дили ҳокимро ёбад, назари илтифоти ӯро ба худ ҷалб намояд.
Тӯраи валиаҳд ғайр аз кӯпкоритозӣ ва шикори бо шоҳин, бедонабозиро ҳам дӯст медошт. Мирзоакрамбой инро медонист.
Вай Кали Ашӯр ном қиморбозу бедонабози ғиждувониро мешинохт. Боре шунид, ки яке аз бедонаҳои Ашӯр дар ҷанги бедонаҳо даҳ ҳарифи худро гурезондааст. Ин хабар дар сари савдоии Мирзои Қорӣ як фикри ғалатиро тавлид кард, яъне ин ки: агар ӯ ҳамон бедонаи тезчанги ҳанҷарнулро ба даст оварда ба тӯра пешкаш кунад, чӣ мешуда бошад? Шояд, ки бад-ин восита вай ба илтифоти ҳокимонаи тӯра мушарраф гардад?
Бой ба Ғиждувон рафта Кали Ашӯрро дар чойхонаи калони бозор ёфт. Ашӯр як остини чакмани сурхаш пӯшида ва остини дуюмаш нопӯшида, дар даруни остини пӯшидааш бедонаеро нигоҳ дошта, дар кат нишаста буд ва аз дасти поякӣ чилим мекашид. Бой аспашро нигоҳ дошта ба ӯ салом дод, Ашӯр аз ҷо бархоста кафи дасташро чапанвор бар сари синааш гузошта:
– Канӣ, бойамак, марҳамат, як пиёла чой, – гуфта, амлокдори собиқро ба фуромадан аз асп таклиф кард.
Бой фуромада бар лаби кат нишаст, марди поякӣ даррав ҷилави аспи ӯро гирифта ба дарахт баст. Бой аввал чилимро кашида фаввораи дуди онро аз даҳонаш бароварда кайфашро баҷо оварду баъд пиёлаи чои сабзро аз дасти Ашӯр гирифта ба гап даромад:
– Шунидам, Ашӯрбой, бедонаат ҳамаи бедонаҳои Ғиждувонро гурезондааст, муборак бошад.
1
– Қуллуқ, бойамак.
– Вай ҳамин бедона буд ё дигараш?
– Худи ҳамин, бойамак, – даст боло карда бедонаи даруни остинашро нишон дод Ашӯр.
. Қуллуқ – ташаккур, изҳори миннатдорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё