Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сухани Остонақул ба ҳақиқат монанд буд: он рӯзҳо сардори сохтмони роҳи оҳани шарқии баҳри Хазар (Закаспий) генерал– лейтенант Анненков аз Тошканд озими Чорҷӯй шуда, дар сари роҳаш ба Кармина фуромада, Аҳадхонро дида, бо ӯ якка ба якка суҳбате карда буд.
«Балки, дарвоқеъ, ба валиаҳд аз генерал–губернатор Розенбах мактубе оварда бошад? – фикр кард қушбегӣ – Остонақули мудаббиру маккор дар Кармина ҳам ҷосусҳо дорад, аз воқеаҳои қалъаи ҳокими он ҷо бохабар аст». Бо ин мулоҳиза вай ба бий–додхоҳ саволи зиёдатии: “чун донистӣ ва аз кӣ шунидӣ?”-ро надод. Ва барои он ки бий– додхоҳ ҳарифашро гӯли аз олам бехабар напиндорад, хавотирӣ ва бесариштагии худро пинҳон дошта гуфт:
– Ман аз ин гап хабар дорам... Ба фикратон, губурнотур кадом «мансабдорони калон»–ро дар назар дошта бошад?
– Ман чӣ донам, – муғамбирона ҷавоб дод Остонақул. – Мову шумо барин мансабдорони пиршударо дар назар доштагист–дия.
Ба ҳамин тариқ, вай мизбонашро дар парешонӣ ва такопӯи ботинӣ гузошта бадар рафт.


Баъди чоряк соат дар меҳмонхона Муҳаммадшариф девонбегӣ пайдо гардид.
– Гапзанон кардетон? Вай бетавфиқ чӣ мегӯяд? – пурсид вай аз падараш. «Вай бетавфиқ» Остонақул буд.
Пирамард кинояҳои хавфомез ва истеҳзоҳои заҳрбези
Остонақулро нақл карда буд, ки девонбегӣ барошуфт, беқарор гардид.
– Масъала маълум, – хулоса баровард ӯ. – Вай бо губурнотур ва балки бо худи тӯра ҳам бар зидди мою шумо забон як кардагӣ. Губурнотур ошнояш–ку! Ҳоло, ки дер нашудааст, нақшаи ӯро барбод додан лозим.

пешина
аз 471
навбатӣ