Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Духтари калонии қушбегӣ бо бародараш ҳамзабон ва ҳамроз буда, гоҳ–гоҳ ҳамин навъ супоришҳои ӯро иҷро мекард. Девонбегӣ ба падараш ҳам он қадар боварӣ надошт, ӯро аз ҳад зиёд эҳтиёткор, камтадбир медонист ва ният дошт, ки агар падараш дар мубориза бо Остонақул мусоҳилакорӣ кунад, он гоҳ худаш ба майдон мебарояд...
Қушбегӣ қазияи паси равзанаро як чизи беаҳамият ба қалам доданӣ шуда, ба меҳмонаш гуфт:
– Ҳеҷ воқеа не, бий–додхоҳ, ман ба аҳли ҳарамам аз равзан нигоҳ карданро кайҳо манъ кардаам, аммо онҳо дар рӯйи ҳавлӣ гарданд ҳам гоҳо сояашон ба равзан меафтад. Ҳеҷ воқеа не.
Вале ин ваҷҳи соҳиби хона як дараҷа гаронӣ ва хунукии аз ин қазия ба миён омадаро барҳам надод. Суҳбаташон бе ин ҳам гарм набуд, акнун тамоман барор нагирифта монд.
Остонақул лозим будани зиёрати эшонбибӣ (зани амир ва модари Аҳадхон)-ро баҳона карда аз ҷо бархост. Вақти хайрбод кардан бо соҳиби хона дар дами дар вай гӯё, ки ин гап нав ба хотираш омада бошад, гуфт:
– Гап байни худамон монад, аморатпаноҳ, ба шунидани ман губурнотур гӯё ба тӯраи валиаҳд хатти махфӣ фиристода хотирнишон карда бошад, ки баъди амир шуданат баъзе мансабдорони калонро маъзул кун ва ба ҷояшон аз қавми худат одамони бофазлу ҳунарро ёфта мон. Оё шумо аз ин гап хабар доред?
Бий–додхоҳ ин гапро дар худи ҳамин ҷо бофт ва бардурӯғ гуфт, то ки дили рақибашро ба такопӯ андозад. Ранги қушбегӣ канд. Хусусан аз «одамони бофазлу ҳунар»
ёдоварӣ кардани Остонақул ӯро мушаввашхотир карда монд, зеро, ки фазлу ҳунар ҳоло як сӯ истад, ҷаноби қушбегӣ бехатту савод буданд.

пешина
аз 471
навбатӣ