АХТАРОНИ АДАБ

Садҳо хонаводаҳои деҳқону косиб аз яғмогарии амалдорони Остонақул кафангадо мешуданд, аз гуруснагӣ мурда мерафтанд. Ҳокими худоҷӯй бошад, ба шайху эшонҳо, хонақоҳу мазорҳо садҳо ҳазор танга садақа мекард, барои ҳоҷиён дар Макка, Мадина, Истанбул такяҳо месозонд.
Шоҳмуҳаммад қушбегӣ дар даруни арк мезист.
Меҳмонхонаи гаҷкории нақшини ӯ вазифаи боргоҳ, яъне хонаи қабулро адо мекард. Дару тирезаҳои он ба айвони дарози қабзафурӯмондор боз мешуданд. Дар тоқчаи калони меҳмонхона даҳ–дувоздаҳ адад соати хурду калонро қатор чида монда буданд, соатҳо гӯё бо ҳам мусобиқакунон тиқ–тиқ мекарданд.
Онҳо ба соҳиби хона туҳфаи ҳар гуна меҳмонони аҷнабӣ буданд.
Қушбегӣ имрӯз дар Ширбадан Остонақулро: «Биёед, бий–додхоҳ, оқибати корҳоро як фикр карда бинем» гуфта, ба арки Бухоро оварда, ба ҳамин меҳмонхонаи худ даровард. Мехост аз вай гап гирад.
Дар баробари даромадани онон соатҳо занги дувоздаҳро заданд. Немиси соатсоз, ки аз гардиши фалак боре ба Бухоро ғалтида монда буд, бо амри қушбегӣ соати ӯро тавре тоб дода созу рост карда монда буд, ки онҳо пайи ҳам занг мезаданд, занги яктояш тамом, ки шуд, дигараш сар мекард. Қушбегӣ аз ҷиринг–ҷиринги онҳо лаззате мебурд. Остонақул, ки пеш аз ин ҳам ба ин ҷо якчанд бор омада буд, ин соатбозиро як нағмаи бачагонаи қушбегӣ медонист ва дар дилаш ба вай механдид.
Соҳиби хона меҳмонашро дар пешгаҳ нишонд, хизматгоронаш зуд дастархон паҳн карда дар зарфҳои нуқрагину заррин хӯришҳо оварданд. Вай чойники чойро ба пеши худ кашид, хизматгорон ва мулозимонаш аз ин кори хоҷаашон медонистанд, ки ӯ бо меҳмони худ танҳо мондан мехоҳад, пас ҳамаашон баромада ғоиб гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё