АХТАРОНИ АДАБ

Модари бечора ба ҷони фарзандаш меларзид, зеро аҳли хонадони амир метавонистанд кӯдакро бо як ду қатра заҳр аз миён бардоранд, то ки аз ин даъвогарии ояндаи тахту тоҷ халос шаванд. Сирри дигари Остонақул мансуб ба тасбеҳи ёқутии ӯ буд. Дар овони бачагӣ падараш пиреро ба устодӣ ва мураббигии ӯ гумошта буд, ки мардум ба валояти (валӣ будани) вай эътиқод доштанд.
Дар соли 1868, вақте ки Музаффархон дар Ҷиззах ба як тарзи нангин аз лашкари подшоҳи рус шикаст хӯрда, Самарқандро таслим намуда ба Кармина гурехт, устоди номбурда фурсатро барои шогирди олинасаби худ мусоид донист. Ӯ амирзода ва каттатӯра будани Остонақулро нахустин бор ба худаш гуфта, вайро ба исён ва ишғоли тахти амир ташвиқ кард.
Остонақул дид ки устодаш аз сирри ӯ бохабар будааст, модом ки сирро ду кас медонанд, он сир махфӣ намемонад. Пас ҳамон дам ханҷари дудамаашро кашида ба шиками пирамард зад. Тасбеҳи аз дасти беҷони устод афтидаро гирифта аз худ кард, зеро эътиқод дошт бар ин ки тасбеҳи марди соҳибвалоят бахосият ва мушкилкушо мешавад. Инак, бий–додхоҳ аз ҳамон вақт то ин дам, яъне дар арзи ҳафтдаҳ сол он тасбеҳи ёқутиро аз даст намегузорад...
Остонақули зоҳиран ҳалим ва тақводор, аммо ғаюр, сахтгир, оқилу ботадбирро ҳам Насруллоҳхон ва ҳам Музаффархон дӯст медоштанд. Ӯ ба ин амирон содиқона хизмат карда, дар аҳди онҳо ба мансабу мартабаҳои олӣ расида, шахси бонуфузтарине гардида буд. Дар солҳои ҳокимии худ дар Шаҳрисабз вай авлоди кенагасҳо ва дигар душманони амирро бо дасти оҳанини худ пахш карда, баъзеяшонро кушта, дигарҳошонро ба итоат оварда буд.
Хироҷу закот бошад, чи дар солҳои ҳосилхезӣ ва чи беҳосилӣ, ҳамавақт бекаму кост рӯёнида мешуд. мардум аз амир он қадар наметарсиданд, ки аз Остонақул метарсиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё