АХТАРОНИ АДАБ

Аз он пас қушбегӣ аз амири нав ҳокимии Ҳисори Шодмонро барои писари худ дархост карданӣ буд. Ҳокими Ҳисор ноиби якуми амир ҳисоб меёбад ва ҳамаи бекҳои Бухорои Шарқӣ ва Кӯҳистон тобеи вай мебошанд. Вақте ки ин мақсад ҳосил гардид, хонадони Шоҳмуҳаммад қушбегӣ соҳиби ҳақиқии мамлакат хоҳад шуд. Ҳозир ҳам ӯ, писараш ва набераи ҷавонаш, ки беки Қаршӣ мебошад, ҳокимони муқтадиранд, аммо ин барояшон кам аст. Онҳо мехоҳанд, ки ба ҷоҳу сарвату дороӣ бо худи амир баробар шаванд ё ҳатто аз вай гузаронанд. Воқеан ҳам, чашми танги дунёдорро «ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр», аммо он чи ки дар бисоти ин хонадон ҳаргиз вуҷуд надошт, ҳамин қаноат буд.
Оре, Шоҳмуҳаммад қушбегӣ ва Муҳаммадшариф девонбегӣ мехостанд худашонро ба амири оянда кушояндагони роҳи вай ба сӯйи тахт, бартарафкунандагони рақибон ва бадхоҳони вай карда нишон диҳанду бо ин тариқ лутфу марҳамати ӯро ҷалб карда ноили мақсадҳои ниҳонии худ шаванд.
Аммо ногаҳон аз Шаҳрисабз омада мондани Остонақул нақшаҳои ононро дар зери хатар гузошт. Остонақул сарриштаи корҳоро ба дасти худ гирифта, садде дар байни онҳо ва амири оянда гардид.
Рақиб чӣ мехоҳад, муддаояш чист? Ӯ чӣ нақшае ба худ кашидааст? Қушбегӣ ана ҳаминро намедонист. Дар айвони ойинакории қаср вай ба Остонақул бо қирраи чашм назар меандохт, кӯшиш мекард, ки хаёлу андешаи ӯро дарёбад. Аммо ба асрори ин марди дарундор пай бурдан осон набуд. Вай ором ва хеле камгап буд.
Қушбегӣ ба гумонҳои мухталиф мерафт. Бий–додхоҳ, албатта, ҷойи маро гирифтанист, – фикр мекард ӯ. Ва боз хавотир мекашид, ки мабодо вай баъди вафоти амир тахти аморатро зер карда гирифтанӣ бошад? Оё аз Шаҳрисабз якбора бо сесад нафар сарбози яккачин омадани вай ба ҳамин далолат намекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё