АХТАРОНИ АДАБ

«Аркони давлат» ҳама дар айвони калони ойинакории қасри Ширбадан нишаста буданд, Шоҳмуҳаммад қушбегӣ ҳар дам ба ҳасрат сару риши сафедашро ҷунбонида, оҳ кашида «э дареғ!» гуфта мемонд. Бо ҳамин вай дар назари аҳли дарбор худро аз бемории амир ниҳоят ғамгин нишон медод.
Аммо дар ҳақиқати ҳол ин ғуломи корчаллони Насруллохон ва баъд Музаффархон, ки дар аҳди ҳар ду амир соҳиби ҷоҳу ҷалол гардида буд, ва инчунин писараш – вакили молиёт ё худ закотчии калон Муҳаммадшариф девонбегӣ дар дилҳошон аз Худо мехостанд, ки амир тезтар мурад, зеро аз ғосибӣ ва ғаддории ӯ доим дар тарсу ҳарос буданд. Музаффархон аз рӯйи одати худ вақт–вақт мансабдорони бойшудаашро ба ваҷҳе гунаҳгор карда, ба қатл расонида, молу мулкашонро ғасб мекард. Ӯ ба садоқати ин вазиронаш он қадар боварӣ надошт, ба онҳо бо назари шубҳа менигарист ва ин бесабаб ҳам набуд: овозае паҳн шуда буд, ки девонбегии дурандеш пинҳонӣ бо ҳукуматдорони русии Туркистон аҳду паймоне баста, худро ва хешу таборашро ба ҳимояи онҳо супурда, ҳатто аз онҳо ким–чӣ гуна ҳуҷҷате ҳам гирифтааст, ки яъне агар аз тарафи амир хатаре ба молу ҷонашон содир шавад, ҳукуматдорони мазкур онҳоро муҳофизат хоҳанд кард. Амир фармон дода буд, ки ин овоза тафтиш карда шавад. Инак, агар дар натиҷаи тафтиш сирри вазирони хоин ошкор мегардид, аз сад ҷон як ҷонашон халосӣ намеёфт, то чӣ расад ба молу сарвати беҳисоби онҳо, ки солҳои сол гирд оварда буданд ва амир, албатта, ҳамаи онро зер карда мегирифт. Пас чаро онҳо марги амирро нахоҳанд?
Падару писари соҳибҷоҳ дар андешаи он буданд, ки чи навъ карда худашонро ба амири оянда хуш кунанд, дилашро ёбанд, ӯро «ба даст бигиранд». Бо ин мақсад онҳо пеш аз омадани Остонақул нақшаи баъд аз вафоти амир аз Кармина бо дабдабаву асъаса оварда ба тахт нишондани Абдулаҳад ва ба пойи ӯ афкандани пешкашҳои гаронбаҳоро ҳам кашида монда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё