АХТАРОНИ АДАБ

аморат мулҳақ гардонида буд ва инчунин ҳавохоҳони каттатӯра Абдумалики исёнкор қасди ҷони амир доранд ва бо ҳар воситае ки бошад, ӯро аз миён бардошта байрақи исёну истиқлолро барафроштан мехоҳанд ва одамони онҳо ҳатто дар Қаршии нисбатан бехавф низ кам нестанд.
Аз ин рӯ амир ба тарсу ҳарос афтода, сафари Шаҳрисабзро торафт қафо мепартофт ва дар Қаршӣ доим хилват гузида, ғайр аз ду се нафар маҳрамони озмудаву содиқаш дигаронро ба ҳузури худ камтар роҳ медод. Аз заҳри ниҳонӣ тарсида хӯрокашро аввал ба ошпазҳо мечашониду баъд худаш мехӯрд.
Дар ҳавои тозаву серуни чорбоғи дилкушои Ширбадан амир аввал зуд сиҳат ёфт, аммо пас аз ду моҳ, дар ёздаҳуми моҳи муҳаррам вараҷа аз нав бо шиддати дучанд ба ӯ бозгашт. Акнун доруву дармони табибони ҳозиқи дарбор ба тани фарсудаи ӯ нафъ намебахшид, онҳо аз муолиҷаи ин марди пеш аз вақт пири фартутгашта оҷиз монда буданд.
Ба сари болини вай аҳли дарбор, мансабдорони калони давлат ҷамъ омада буданд. Дар муддати бемории амир фармонфармо Шоҳмуҳаммад қушбегӣ буд, аммо вақте ки рақиби ӯ–ҳокими Шаҳрисабз Остонақул-бий–додхоҳи ғаюр ва омир ба пойтахт омад, қушбегӣ ба ҷойи дуюм фуромада монд. Бий–додхоҳ бародари ғайрирасмии амир ва мансабдори дӯстдоштаи ӯ буд. Акнун ҳукмҳоро бештар Остонақул меронд ва фармонҳоро ӯ медод.
Аҳли дарбор азбаски чандин рӯзу шаб бо ҳам буданд, мавзуъҳои гуфтугузорашон кайҳо кӯтоҳ шуда, дигар нишасту бархост, даро–баро ва гардишҳошон дар чорбоғ аксар ба хомӯшӣ мегузашт. Амир дар хобгоҳи хосса гоҳ ҳушёру гоҳе нимбеҳуш хобида буд ва дина боз касеро ба наздаш қабул намекард. Дарбориён аз табиби кӯҳансол, ки дар назди бемор акнун фақат ӯ нишаста буду дар ҳар ним соат як чойнаки чойи сабзро холӣ карда зуд–зуд ба қазои ҳоҷат баромада меистод, аҳволи беморро мепурсиданд, табиб гулӯяшро афшонда бо овози хастаи пирона як даҳан «беҳбудӣ нест» мегуфту сӯйи ҳоҷатхона мешитофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё