Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ СЕНЗДАҲУМ

Дар тирамоҳи соли 1885 милодӣ амир Музаффар дар қасри тобистонии худ Ширбадан бар бистари беморӣ охирин рӯзҳои умри худро мегузаронид.
Баҳор ва нисфи тобистони он сол амир дар Қаршӣ зист.
Агар ӯ дар он вилояти гарми бадҳаво дер таваққуф намекарду монанди ҳарсола барвақттар ба Шаҳрисабзи хушобу ҳаво рафта меистод, шояд, ки бемор нашуда боз чанд соли дигар умр медид. Табибони хоси ӯ ҳамин тавр мегуфтанд, ки «ин ҳам хости Худост, бандаро аз қазову қадар гурез нест».
Дар Қаршӣ пай дар пай се сол боз вараҷаи машҳури қаршигӣ рӯй медод. Бештарини мардум ва бачагон ба ин офат гирифтор мешуданд. Вараҷа ҳатто ҷаноби олиро ҳам рӯйихотир накарда аз пой ғалтонд. Амир тарсид, ки мурда мемонад, – фармуд ӯро зудтар ба Бухоро расонанд. Ӯ мехост дар пойтахти худ бимирад.
Сабаби дар Қаршӣ дер мондани амирро ҳеҷ кас аниқ намедонист. Атрофиёнаш ба пурсидан аз худи ӯ ҷуръат намекарданд: Музаффархони бадҷаҳл дар пиронсолагӣ боз бадҷаҳлтару бадгумонтар шуда монда буд, пурсуковкунандагонро нағз намедид ва ҳатто аз рӯйи пиндошти худ онҳоро ба суханчинӣ ва ҷосусӣ гунаҳкор карда, итобу сиёсат менамуд.
Аммо одамони зирак кайҳо ба ваҷҳи дермонии ӯ дар Қаршӣ пай бурда буданд: ҷосусони ҷаноби олӣ рост ё дурӯғ ба ӯ расонида буданд, ки дар Шаҳрисабз кена-
1 гасҳои мағрур ва дигар тарафдорони беки собиқи он вилоят Ҳаким-бий ва беки собиқи Китоби Афросиёб Ҷӯрабек-бий, ки онҳоро Музаффархон понздаҳ сол пеш бо ёрии лашкари подшоҳии рус мағлуб ва вилоятошонро ба

1 . Кенагасҳо – авлоди бекҳои Шаҳрисабз пеш аз фатҳ карда шудани он вилоят аз тарафи амири Бухоро.

пешина
аз 471
навбатӣ