Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яке аз рисолатҳои таърихии Сотим Улуғзода ҳамчун нависанда ва мутафаккири хештаншиноси миллат он аст, ки дар душвортарин солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ ба идеологияи абарқудрати коммунистӣ муқовимат намуда, ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овард, то ба алоқамандону муддаиёни кӯрдил фаҳмонида тавонад, ки халқи тоҷик фарҳанг ва таърихи бостониву заволнопазир дорад. Ҳокимияти Шӯравӣ худшиносиро бузургманишии миллӣ қазоват мекард ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба он муборизаи беамон дошт. Воқеан, ин яке аз рукнҳои мавҷудияти абарқудратӣ мебошад. Алорағми ин ақидаву пиндор рӯ овардани адиби тоҷик С. Улуғзода ба гузаштаи халқи худ, омӯхтани таърихи миллати хеш аз солҳои 20- уми асри гузашта оғоз мешавад. Тибқи шаҳодати худи адиб, такони ҷиддиро дар вуҷуди С. Улуғзода олими рус, профессор М. С. Андреев барангехта буд [33, 447].
Ҳанӯз аз рӯзгори ҷавонӣ С. Улуғзода ба омӯзиши таърихи халқи худ оғоз мекунад. Ин хусусияти эҷодиёти нависанда дар таҳқиқоти донишмандон Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Л. Н. Демидчик, С. Табаров, Х. Шарифов, Х. Отахонова, А. Сайфуллоев, Р. Мусулмониён, Р. Ҳошим, Х. Асозода, К. Юсуфов, М. Раҷабӣ, Солеҳ Салоҳ, М. Исоматов, А. Абдуманнонов, У. Ғаффоров ва дигарон таъкид шудааст. Ин аст, ки С. Улуғзода аз солҳои сиюм мунтазам ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овардааст. Қаҳрамонҳои баргузидаи нависанда ё шахсиятҳои илмӣ – фарҳангӣ, ё симоҳои эҷодӣ ва ё қаҳрамонҳои халқӣ мебошанд ва маҳорат ва устодии С. Улуғзода дар он зоҳир мегардад, ки аз онҳо типҳои таърихӣ – адабӣ месозад ва ҷараёни мазкурро тарзе ба тасвир мегирад, ки ҳатман боиси ҷалби таваҷҷуҳ, диққат ва рағбату хоҳиши хонанда мешавад.
Барои барҷастагии типҳои офаридаи С. Улуғзода омилҳои мухталиф тарзе кор гирифта мешаванд, ки симоҳои тасвиршаванда тавассути резакориҳои ҷузъиёти бадеӣ имконият фароҳам меоваранд, ки қаҳрамони марказӣ пурра ва табиӣ маърифат карда шавад.

пешина
аз 471
навбатӣ