АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ЭҶОДИЁТИ Ӯ
Адабиёти бадеӣ, аз ҷумла осори насрӣ, аз воситаҳои муҳимми инъикоси таърих ва фарҳангу урфу одати халқияту миллатҳо ва инсоният ба шумор меравад. Ҳатто нисбат ба асарҳои таърихӣ ва сиёсиву иқтисодӣ оид ба таърихи муҳити зисти ин ё он халқ асарҳои бадеӣ, махсусан романҳову қиссаҳои таърихӣ, маълумоти бештар ва фарогиртар медиҳанд. Ба гуфти нависандаи рус А. Н. Толстой: «Дар ҳар як асари бадеӣ, аз ҷумла дар романи таърихӣ, дар повести таърихӣ мо, пеш аз ҳама, тахайюли муаллифро, ки тавассути порчаҳои ҳуҷҷатҳои то давраи мо расида вазъи зиндаи замон ва фаҳмидани онро барқарор мекунад, баҳо медиҳем» [208, 323].
Дар ҳақиқат, насри таърихии ҳунармандона таълифёфта воқеияти давраҳои таърихиро бо тамоми бартарӣ ва камиву костӣ ба хонанда расонда, ӯро ба андеша ва тафаккур водор менамояд. Маълум, ки дар осори бадеӣ, аз ҷумла дар қисса ва романҳои таърихӣ, тахайюл ва тасвирҳои бадеӣ мавқеи муайянкунандагӣ доранд, вале бояд ин тасвирҳо ва ин ҷузъиёти бадеӣ аз доираи замон ва ҳақиқати воқеӣ берун набошанд.
Дар ташаккулу такомули насри таърихии тоҷик усули реалистии тасвир, ки аз таъсири адабиёти рус ва Ғарб маншаъ гирифтааст, мақоми арзанда дорад. Ба устод Айнӣ муяссар шуд, ки дар солҳои 30-юми садаи ХХ ба тарҷумаи тоҷикии як қатор асарҳои нависандагони рус ба мисли «Модар» (А. М. Горкий), «Ҳоҷӣ Мурод» (Л. Н. Толстой), «Сели оҳанин» (А. Серафимович), «Чапаев» (Д. Фурманов) шинос шуда, ҷанбаи реалистии асарҳояшро тақвият бахшад ва ҳуҷҷатҳо ва санадҳои таърихиро дар осори бадеияш бо маҳорати баланд истифода барад.
Устод Айнӣ бо таълифи «Дохунда» дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ дар насри давраи нави тоҷик аввалин асари калонҳаҷми эпикиро ба вуҷуд овард, бо таълифи «Ғуломон» бошад, дар насри тоҷик романи таърихӣ пайдо шуд, ки мундариҷаи он воқеаҳои зиёда аз сад соли (солҳои 1825-1933) ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифта, дар он ҳуҷҷатҳо ва санадҳои бисёри таърихӣ истифода шудаанд.
Нависандаи дигаре, ки дар асарҳои бадеии худ аз ҳуҷҷат ва санадҳои таърихӣ фаровон истифода карда бо ҳамин дар рушду нумуи насри таърихии тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст, Сотим Улуғзода мебошад. Асарҳои таърихии С. Улуғзода, аз ҷумла қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», бо мундариҷаву муҳтаво ва лафзи марғубу муассири худ дар адабиёти тоҷик ва мамлакатҳои муштаракулманофеъ мавқеи намоён доранд. Ба таъбири адабиётшинос А. Саъдуллоев, «устодон Айнӣ ва Улуғзода чанорҳои сершоху барг ва серсояеро мемонанд, ки онҳо ба таъриху тамаддуни асили миллати тоҷик решапайвандии амиқ дошта, садсолаҳо, балки ҳазорсолаҳо бо эҷодиёташон мавриди таваҷҷуҳи хонандагону муҳаққиқон қарор мегиранд».
Сотим Улуғзода дар шинохти таърих ва фарҳангу тамаддуни бою ғановатманди халқи худ ба ҳамватанон ва ҷаҳониён хизмати басо арзанда анҷом додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: «Мо аз таърихи на чандон дури Ватанамон низ номи даҳҳо шахсиятҳоеро бо ифтихор ба забон оварда метавонем, ки ба нафъи миллати хеш хизмати фидокорона ва бузург кардаанд… Бо назардошти хизмати шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ки ҷашни 100-солагии онҳо дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бобати абадӣ гардондани хотираи онҳо бояд тадбирҳо андешанд» [270, 6-7]. Маҳз ҳамин қадршиносии сарвари давлат буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2008, №594 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё