Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мусофирони мо дар нимторикӣ хам шуда аз паси мутаваллӣ мерафтанд, дар чандин ҷой сарашон ба сақфу шифтҳои паст ва деворҳои хиштӣ хӯрд.
Дари чӯбини як таҳхона монанди хир–хири ҷонкании кампирҳо садое бароварда кушода шуд, мусофирон аз қафои мутаваллӣ ба як ҳуҷраи гунбазшакли зеризаминӣ даромаданд, ин ҷо яке аз чиллахонаҳо буд. Дар девори дарунии он ба ҷойи дар пардаи сафеде овехта шуда буд.
Мутаваллӣ пардаро бардошт, кӯҳистониён аз он чи дар пушти парда ба назарашон ғалтид, беихтиёр ҳаросида қадам нигоҳ доштанд. Рӯшноии шамъи мутаввалӣ ба рӯйи сап–сафеди мурдамонанди марде тофт, ки ниҳоят лоғару нимҷон ва ришу мӯйи сараш расида, дар миёни чиллахона карахт нишаста буд. Бо даромадани инҳо он мард ягон ҷунбише накарда, дар ҳолате ки чорзону зада сар ба зер афканда, дастҳояшро бар рӯйи зонувонаш гузошта буд, нишастан гирифт. Дар пешаш як обдастаи сафолин ва як косаи сафолин истода буд.
Мутаввалӣ ба он марди мурдамонанд гуфт:
– Нигоҳ кун, бандаи Худо, ҳамватанонат ба дидани ту омадаанд.
“Бандаи Худо” оҳиста сар боло карда ба даромадагон нигарист. Чашмонаш ва рухсораҳояш фурӯ рафта, биниаш борик гашта буд. Ба саломи омадагон базӯр сар ҷунбонида бо лабони бехуни парсинбастааш пичиррос зада алек гирифт. Чангаки нигоҳаш як лаҳза ба рӯйи Восеъ андармон шуд, чашмонаш калонтар кушода шуданд; ӯ бесаранҷом шуда, ҷунбида, овози хазине баровард:
– Восеъ!... Ин туӣ?...
Восеъ дурусттар зеҳн монда Назирро шинохт... Аз ҳайрат даҳонаш во шуда монд. Забонаш ба зудӣ ба гуфтор ҳам наёмад.
– Назир!... Бародарҷонам!... – ӯ ба зону ғалтида Назирро бағал карду кӯдаквор гирист.

пешина
аз 471
навбатӣ