АХТАРОНИ АДАБ

Баъди пешин ҳар се мусофир ба дидани ҳамватани ношиноси худ рафтанд.
Восеъ Шоҳи Зиндаро ба қиёси мазорҳои кӯҳистони худаш як мазори муқаррарӣ гумон мекард, яъне нимвайрона бинои хиштин ё сангинест, ки ба тораш ду–се гунбази хурду калон, ба паҳлуяш панҷ–шаш дар ҳуҷраву хонақоҳ дорад ва чор–панҷ бех садаи пир ҳам ба болояш ва саҳнаш сояандоз. Аммо ӯ дар он ҷо қатори кӯшку айвонҳои муҳташами шоҳонаро дида дар ҳайрат монд. Кошини осмониранги тоқҳо, равоқҳо, гунбазҳо, манорҳо дар офтоб дурахшида чашми бинандаро хира мекарданд. Катибаҳо – хатҳои сафеди панҷарамонанди печ дар печи дар он тоқҳову равоқҳо ва манорҳои нилгун ва бар рӯйи қабрҳои мармарӣ нақшёфта мисли кадом як тилисмоти пиндоштиву хаёлӣ ба назар менамуданд. Мусофири мо ин навъ санъатҳо, ин гуна шукӯҳу зебоиро дар умраш надида буд. Ӯ чашмонаш ғарқи тамошо, бо зинапояҳои баланди хиштин боло мерафту гумон менамуд, ки гӯё дар даруни кадом як қасри афсонавӣ гардиш карда истода бошад. Яке аз шайхҳо ба якчанд нафар зиёратчиёни мазор қабрҳои мармарини дар даруни айвонҳои нақшин ҷойгирифтаро нишон дода мегуфт: Ин оромгоҳи фалон лашкаркаши Темури Ланг ё фалон набераи ӯ, инаш қабри фалон бузургвор, фалон амир аст ва ҳоказо...
Ҳамватанон аз мутаваллии мазор чилланишини кӯлобиро пурсон шуданд.
– Ҳаст, – гуфт мутаваллии солхӯрда, – се ҳафта шуд, ки дар чилла нишастааст. Ба мазор як чиз садақа кунетон, баъд ман шуморо ба чиллахона дароварда ҳамшаҳриятонро нишон медиҳам. Ҳаммолон пул надоштаанд. Восеъ аз ҷониби сеяшон нимтангагӣ якуним танга бароварда ба мутаваллӣ дод. Мутаваллӣ шамъ дар даст онҳоро аз роҳравҳои борику торики зинапоядор гузаронда ба ким– кадом таҳхонаҳои заҳ ва хунуки лаҳадмонанд даровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё