АХТАРОНИ АДАБ

Дар болои кӯтал роҳ ҳамвортар мерафт, Восеъ боз ба асп савор шуда гирифт. Калони даста аз паҳлуи Восеъ ва тотори тарҷумон аз паҳлуи дигар ӯ асп ронданд. Калони даста ногаҳон ба забон омада ба гап пурсидан аз Восеъ шурӯъ кард. Пурсишҳои ӯ ва ҷавобҳои Восеъро тотор ба якдигарашон тарҷума карда медод.
– Аспдӯст будаӣ, маркабро дареғ медоштаӣ, офарин! – Восеъро таъриф карда монд калони даста.
– Асп рафиқи роҳ, дӯсти одам аст, – гуфт Восеъ, – ба дӯст ҷабр кардан гуноҳ аст.
Ин гап тарҷума шуда буд, ки калони даста сари тасдиқ ҷунбонида ба гӯянда бо назари диққат нигоҳе карду боз гуфт:
– Ба кӯтал баромаданатро дидам. Зӯр будаӣ. Бисёр одамон дар роҳи ҳамвор ҳам ин хел қадам намепартоянд.
Кӯҳистонӣ буданат аён.
– Ҳамин ҳам кӯтал шуд, тӯра? – хандид Восеъ (чун мардаки шаҳрисабзӣ ба калони даста «тӯра» хитоб мекард, Восеъ ҳам аз ӯ ёд гирифта буд). – Дар кӯҳистон мардуми мо пиёда бо як ман бор ба чандин ағба мебароянд. Асп монда мешавад, ки кӯҳистонӣ монда намешавад.
Дар байни гуфтугӯ калони даста ногаҳон пурсид:
– Амир хуб аст? Фуқарояшро дӯст медорад?
– Восеъ тааммул карда ҷавоб дод:
– Амирро ман фақат як бор дар Қаршӣ дидам, тӯра. Ба вай корам наафтидааст. Аммо агар ҳокиму раису қозию амлокдорони амирро пурсед, фуқаро аз онҳо безоранд.
– Безор? – гашта пурсид руси малламӯй.
– Ҳазор маротиба безор, – гуфт Восеъ. – Онҳо одам не, ҳама гургу палангони гуруснаанд, тӯра. Фуқароро гӯсфандвор медаранд... Ман хаёл карда будам, ки амалдорони бад, бераҳм, дузд, порахӯр ба кӯҳистони мо мераванду амалдорони ин тарафҳо боинсофтаранд, чунки ба чашми амир наздиканд, аз амир метарсанд. Аммо дидам, ки зоти ҳамаашон як будааст. Яке аз дигараш бадтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё