АХТАРОНИ АДАБ

Малахкушҳо чор нафар буданд, чорумашон як нафар тотори қадпасти миёнсоле буд, ки хизмати тарҷумонии дастаро адо мекард. Ӯ ғайр аз забони ӯзбекӣ камтар тоҷикиро ҳам медонист. Калони даста як руси нисбатан ҷавони борики чамшкабуди малламӯе буда, ба танаш либоси низомӣ дошт, вай савора пеш–пеши даста, аз тобеони худ як сӣ–панҷоҳ қадам пештар мерафт. Хеле камгап ва доим ғарқи кадом як фикру хаёле буд. Ба хизматгорони киро кардааш коре надошт ва ҳатто аз будани онҳо гӯё ки бехабар буд. Танҳо як воқеаи хурд диққати ӯро ба онҳо ҷалб кард. Воқеа ин аст, ки дар қарибии деҳаи Ҷом кӯтале аз пеш баромад. Восеъ дар вақти ба кӯтал баромадан аз аспи кабуди савории худ пиёда шуда, онро етал карда баромад.
Асп бори казоӣ ҳам надошт ва ҳоло он қадар монда ҳам нашуда буд. Магар ҳамин чиз шарики Восеъ– мардаки сиёҳгунаи қадбаланди шаҳрисабзиро, ки савори аспи дигаре буд, ҳайрон кард, ки ӯ ба Восеъ гуфт:
– Аспат камбор, бардам–ку, чаро пиёда шудӣ?
– Ту ҳам пиёда шавӣ, бад намешуд, – ҷавоб дод Восеъ.
– Барои чӣ ман пиёда мешудаам? Асп маро ба кӯтал набарорад, вай ба ман чӣ даркор? – гуфт мардак.
– Ба ҷонвар зӯр овардан хуб нест.
– Э, савор шуда гир, нодон! Асп аспи урус–ку, зӯр биёяд ба ману ту чӣ?
– Нодон худи ту будаӣ, ки ба ман ҳамин гапро мегӯйӣ!
– ҷаҳлаш омада гуфт Восеъ. – Ба ҷонвар раҳм намекунӣ!
Магар аспи урус асп нест? Ё асп ҳам кофиру мусулмон дорад?!
Ин гуфтугӯйро тотор шунида, ба калони даста чизе гуфт–аз афти кор тарҷума карда дод. Руси малламӯй истода хандиду ба Восеъ нигарист. Кӯҳистонии кӯҳу кӯталгард зери офтоби сӯзон дар роҳи санглох аспашро етал карда пиёдаву пойлуч, чусту чобук баробари саворони дигар ба кӯтал мебаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё