Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наход, ки Лутфияхон барин зани шаҳрӣ, ҷавон, хушрӯй ӯро нағз дида бошад? Наход мумкин бошад, ки вай зани Амирқул шавад? Э кош, боре бахти солҳо хуфтаи Амирқул бедор мегардиду ин кори ношуданӣ шуда мемонд, дар он вақт ба ӯ дигар дар дунё ҳеҷ чизе даркор набуд.
Аммо Лутфияхон чиҳо гуфт? «Шӯям маро талоқ намедиҳад... Шӯямро яктарафа кун?..» Чӣ тавр «яктарафа»?
Ин чӣ маънӣ дорад? Охир, ӯро фақат аҷал «яктарафа»
карда метавонад!..
«Мард бошӣ, илоҷашро меёбӣ». Лутфия бо ин гапаш чӣ гуфтанӣ мешуд? Чиро дар назар дошт?.. Наход, ки куштани хӯҷаинро дар назар дошта бошад?.. Худоё, тавба!..
Амирқул чанд рӯзе бо ҳамин гуна фикру хаёлҳои ҳам ширину ҳам мудҳиш савдоӣ шуда гашт. Лутфия дигар худро нишон намедод. Фақат рӯзи панҷум ё шашум ӯ боз бо чи коре дар боғ намудор гашт. Ба чӣ муносибате бошад, ки куртаи шоҳии сабз пӯшида, ба чашму абрӯвонаш сурмаю ӯсма кашида, ба гарданаш марҷонҳо овехта буд. Амирқул бандҳои алафи хушкидаро ба кунҷи боғ кашонда истода буд, саросема шуд, дасту по гум кард.
Лутфия аз наздиктараш гузашта истода ногаҳон ба вай гап партофт:
– Ҳа, йигит?.. Ман туро мард гуфта будам, хато кардаам. Ту ба сарат ба ҷойи салла рӯймол бандӣ ҳам мешудааст. Боз ба миёнат корд ҳам овехтаӣ!..
Дасту пойи Амирқул суст шуд, чашмонашро сиёҳӣ пахш кард. Банди алаф аз бағалаш афтид. Ба худ омада нигоҳ кард, ки Лутфия нест–монда рафтааст.


Ба фаҳми як марди содаи саҳроӣ бадтар аз ин нангу
номусе набуд, ки ӯро номард гӯянд. Аммо... Лутфия ба
ҳамин тавр гуфтан ҳақ ҳам дорад, – фикр мекард
Амирқул. Охир, ин бойзани ҷавони ҳурлиқо ба вай ошиқ
шуда: «Ман аз они ту, маро гир!» гӯяду вай аз лавандӣ, беаҳамиятӣ ё балки дар ҳақиқат аз номардии худ ҳеҷ коре карда натавонад?..

пешина
аз 471
навбатӣ