АХТАРОНИ АДАБ

Ҳамин тавр, Лутфия ӯро ба худ як дараҷа «ошнову намакхора» карда гирифт.
Сонитар баъзан аз таги рӯмол чашмони сиёҳи пурҷилояшро хумор карда ба мардак менигарист ва ҳатто табассумҳои асрорангез менамуд. Инҳо ҳама бозиҳои мори хушранге буданд, ки ҳатто Амирқули ландаҳур ва худотарсро ҳам ба худ ҷалб накарда намонданд. Табиӣ, оташи ҳирсу шаҳвати ӯ ба забона задан сар кард.
Як рӯзи тобистон Амирқул дар боғ алаф медаравид, ки Лутфия пайдо гардид. Вай ба танаш куртаи докаи нафисе пӯшида, аз барои чӣ бошад, ки пойлуч омада буд. Дар наздики ҳезумхонаи кунҷи боғ занак баногоҳ «вой!» гуфта ба рӯйи сабза ғалтид. Амирқул ба дилаш: «Чӣ шуда бошад, мор–пор газид магар?» гуфта, досро партофта ба сӯйи ӯ шитофт.
– Ба поям як хори калон халид ки! Дард карда истодааст, – нолид Лутфия. – Нигоҳ кун, Амирқул, кашида партоӣ-чӣ! – маккора нимхез шуда бе ибо доманашро саҳл боло кашида банди пойи сафеди дар эзорпочаи гулобиранг печидаашро нишон дод.
Хуни гарми Амирқул ба сараш зад. Вай бехудона ва ларз–ларзон занакро бардошта ба ҳезумхона дароварда, ба болои хошок пахш кард.
Лутфия ҳеҷ таслим намешуд.
– Исто, Амирқул, ҳозир не, баъд! – мегуфт занак. Ӯ аз бағали Амирқул ҷаста дуртар нишаст ва ба гиристан сар кард. Гиряаш рост буд ё дурӯғ, вале мувофиқи зарбулмасали «Гиряи зан дар остинаш» дарвоқеъ, чашмони ӯ тар шуданд. – Ман туро нағз дидам, Амирқул, –суханашро давом дод Лутфия, – Аз шӯям дилам мондагӣ. Аммо ман
1 ӯйноши ту шудан намехоҳам... Мехоҳам, ки зани никоҳӣ... зани ҳалоли ту бошам...
. Ӯйнош – маъшуқа (ӯзб).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё