АХТАРОНИ АДАБ

Мутолиа кардан, омӯхтан ва ба таҳқиқ гирифтани нақши Восеи диловар, ки баҳри озодию истиқлолияти халқу Ватанаш ҷонбозиҳо кардааст, дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят зарур аст ва он дорои аҳамияти калони эстетикӣ ва маърифатию тарбиявӣ мебошад. Махсусан зиндагӣ, муносибату муомила ва корномаи Восеи диловар барои ҷавонон, хонандагони синни калони мактабию донишҷӯён намунаи барҷастаи ибрат ва омӯзиш мебошад. Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, вақте ки ба ҷавонон дар хусуси таърихи бою қадима ва фарҳанги волои худ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур мешавад, корномаи Восеъ намунаи барҷастаи сарбаландӣ, сарфарозӣ ва озодихоҳию адолатписандӣ мебошад.
Дар ин таҳқиқот вобаста ба корномаи ин симои таърихӣ ва арзишҳои таърихию иҷтимоии ин ҷунбиши халқӣ баҳс ба миён оварда шуд ва ин баҳс, пеш аз ҳама, сари масъалаи авзои таърихӣ-сиёсии рӯзгори халқи тоҷик дар охирҳои таназзули феоализм сурат гирифт. Хусусан рӯзгори мардуми тоҷик дар охирҳои асри Х1Х дар қисматҳои ҷанубу шарқии Бухоро ҳадафи пажӯҳиш то ба андозае қарор дошт. Зеро бе фикандани равшанӣ ба ин масъала баҳои воқеӣ додан ба ин ҷунбиши таърихии халқ дар он рӯзгорон номумкин аст. Аз тарафи дигар, тақозои таърих зуҳуроти хоси худи таърих аст ва падидаҳои пешомадаро метавон тақозои таърих ва дархости замон донист. Маҳз ҳамин қонунмандии таърихӣ симоҳо, шахсиятҳо, типҳо, образҳоро ба арсаи ҳаёт меорад, ки шинохтани онҳо, донистану омӯхтани онҳо, қадршиносии онҳо донистани таърих ва фарҳанги миллӣ низ ба шумор меравад.
Авзои таърихию сиёсии нимаи дуюми асри Х1Х дар ҳаёти халқи тоҷик саҳифаи тозаи дигареро боз намудааст. Аз нигоҳи таърих ин давра барои халқи тоҷик хеле муҳим ва сарнавиштсоз буд ва аз ин рӯ, ҷараёни ҷунбишҳои нави миллиро тавлид намуд. Ин ҷунбишҳо на танҳо дар марказҳои сиёсӣ, маъмурӣ, дар шаҳрҳову туману вилоятҳо, балки дар деҳоту қасабаҳо, қишлоқу рустоҳо низ тадриҷан мавҷ мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё