АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ аз нонвой якто нон, аз каллапаз як пора гӯшт харида дар самоворхона бо як чойнак чой тановул карду баъд боз ба ҷустуҷӯи кореву хизмате гардиши худро дар кӯчаву бозорҳо давом дод. Аммо корёбӣ осон набуд.
Ҳаммоле ба ӯ маслиҳат дод ба пушти мадрасаи Бикай равад, ки дар он ҷо бозори мардикор ҳаст ва ӯ шояд дар он бозор ба худ корфармое пайдо кунад. Дар «бозори мардикор» понздаҳ–бист нафар мардони ҷулҳундипӯш дар сояи садаи пир хастаҳолона бо каланду досу арғамчинҳои худ нишаста буданд. Восеъ ҳам дар як канор нишаст. Баъди ягон ду соат як марди шикамкалони серриш омада хостори як нафар мардикор шуд. Ҳамаи корҷӯён якбора хеста он мардро миёнагир карда «Ана ман! Ман! Маро гиред!»
гӯён ба таваллову зорӣ даромаданд.Мардикоргир ба сар то пойи ҳар як кадоми онҳо бо чашми харидорӣ зеҳн монда якто бақувваттарашонро интихоб карду гирифта бурд.
Боз соате гузашт, рӯз ба бегоҳӣ наздик шуд, дигар мардикоргире пайдо нагардид. Корҷӯён якто–якто монда рафтанд...
Шаб Восеъ дар масҷиди яке аз маҳаллаҳо хобид.
Пагоҳии дигар ӯ ба як самоворхона об кашонда ва дар як ошхона ҳезум кафонда доду ду танга кор кард. Ӯ аз самоворчӣ пурсид, ки аҳли ҳоҷат агар ба калонҳо аризае доданӣ шаванд, аризаҳошонро дар куҷо ва чӣ гуна менависонанд. Самоворчӣ ӯро ба Чорсӯ равона кард, ки дар он ҷо муллои пир хатҳои мардумро навишта медодааст.
Восеъ ба Чорсӯ рафта муллоро ёфт: вай як пиракии бисёр лоғар ва рухсораҳояш чӯкидае буд, ки дар чашмаш айнаки ресмонбанд дошт, дар таги тоқи Чорсӯ ба курсичае нишаста, найқаламашро ба давоти дар замин истода халонда–халонда ба рӯйи коғази дар зонуш ниҳода меронд. Ӯ барои деҳқони дар наздаш дикак нишаста хате менавишт. Дар аснои хатнависии ӯ як мард ва як зани фаранҷидор омада мактуби аз ким–куҷо ба худашон расидаро хононда, ним танга музди хатхонии ӯро дода рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё