АХТАРОНИ АДАБ

– Ҳоли ҳозир ба ман даркор не, гирифта мон, ака Восеъ, ҳар вақте ки пул ёфтӣ, медиҳӣ.
– Ман кай пул меёбаму боз кай ба ту дучор мешавам?
– Иншоаллоҳ боз дучор мешавем. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад, гуфтаанд. – Ниёз тангаҳоро ба кафи Восеъ андохт.
Восеъ пурсид:
– Хӯҷаин дар бораи ман чӣ мегӯяд?
– Хӯҷаин–мӣ? Ман шунидам, ба почом мегуфтанд, ки «Восеъ пулашро нагирифт – ихтиёраш. Гушна монад, сарсон шавад, ана баъд пушаймон мешавад». Почом мегуфтанд, ки «Ин Восеъ камбағал бошад ҳам, назарбаланд будааст, базарда будааст. Ба гуфти худатон, вай дар роҳи сафаратон ба шумо нағз хизмат кардааст, аз барои ҳамин як бист танга – сӣ танга зиёдтар диҳед ҳам ҳақатон намерафт. Чордаҳ сар аспро нигоҳубин карда аз Ҳисор то Қаршӣ оварда расондан кори осон не!» Тағоиям боз мегуфтанд, ки «Охир, Восеъ маро беҳурмат кунад, ба рӯям тозад, ман боз ба вай нағзӣ кунам–мӣ?»
– Хӯҷаин туро барои чӣ сирри таппончаро кушодӣ гуфта ҷанг накард?
– Як таппонча ҳам не; «дар Ғузор аз Муҳаммадалибой яктаҳу, эзор, чоруқ пурсида гирифтанамро ҳам ба Восеъ ту гуфтагӣ» гуфта ду торсакӣ ба рӯям фуроварданд, боз:
«Ин ҷо хонаи бегона аст, ба Бухоро расем, баъд ман адаби ту ҳаромзодаро медиҳам» гуфта тарсонда ҳам монданд.
– Ҳоло ту аз боиси ман шатта хӯрдӣ, Ниёзҷон?
– Ҳеҷ гап не, ака Восеъ. Аз боиси ту не. Худам забонам хорид, дурӯғ гуфтани хӯҷаинро шунавида тоқат карда натавонистам.
– Ту бачаи нотарс будаӣ, Ниёзҷон, ҳақгӯ будаӣ. Боракалло! Тарафи маро гирифта ба дилам қувват додӣ. Ин некии туро ман асло аз ёд намебарорам.
Ниёз гуфт, ки ӯ бо тағоияш пагоҳ ба Бухоро равон мешаванд. Дӯстон хайрухуш карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё