АХТАРОНИ АДАБ

Аммо кор ёфтан осон набуд: бозорҳо аз монанди ӯ ҷӯяндагони хизмате ва муҳтоҷони лаби ноне пур буданд.
Ӯ дар айни дармондагӣ ва тангии ҳол ногаҳон номи худро шунид – касе ӯро аз қафо ҷеғ мезад:
– Ака Восеъ! Ҳой, ака Восеъ!
Вай нигоҳ карда Ниёзро дид, ки ба сӯяш меояд. Хурсанд шуд.
– Ин туӣ, Ниёзҷон?
– Ман туро пагоҳ боз мекобам.
Дуяшон онсӯтар рафта дар сари ҳавзе нишастанд.
– Чаро монда рафтӣ, ака Восеъ? Аз тағоям пулатро ҳам нагирифтӣ?
– Тағоят маро хафа кард, беқадр кард. Ман мегӯям, ҳар кас маро хафа кунад, душмани ман аст, ман худамро ба душманам муҳтоҷ намекунам.
– Охир, ту дар ин шаҳр мусофирӣ, бекасӣ, бе пул чӣ кор мекунӣ?
– Танам сиҳат бошад, ризқамро меёбам, Ниёзҷон.
– Мардикорӣ мекунӣ?
– Не, савдогарӣ мекунам, – хандид Восеъ. Баъд пурсид:
– Хӯш, ту маро аз барои чӣ кофтӣ?
– Туро диданам омад. Ту хайру манзурро ҳам нася карда рафтӣ, ана баъд... ман медонистам, ки ту пул надорӣ, ҷой надорӣ. Ака Восеъ, ман як даҳ тангаро руст карда монда будам, – Ниёз аз нифаи эзораш тангаҳоро баровард.
– Инро гирифта мон, то мардикорӣ карда пул–мул ёфтанат ба ту даркор мешавад.
Восеъ миннатдоронаву дӯстдорона ба чашми ҷавон нигарист:
– Ту инро аз куҷо ёфтӣ?
– Худам пештар чор танга доштам, баъд тағоиям дар иди рамазон идӣ дода буданд, ана баъд боз дар Ғузор ҳалво–палво харида хӯр гуфта се танга доданд.
– Мон, ба худат даркор мешавад, Ниёзҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё