АХТАРОНИ АДАБ

– Хуб, ман туро гирифтам, – қарори худро эълон кард мард. – Хез, ҳозир бо ман меравӣ.
– Даррав гирифта меравед, бойбача? Аввал ба хона биёед, бо як коса об инро никоҳ кунеду баъд...
– Никоҳ сонӣ мешавад. Дар авул никоҳ мекунам. Хез, вақт рафт, ман тезтар ба роҳ баромаданам лозим аст. – Мард занакро аз дасташ гирифта кашид. – Бачаатро ба модарат деҳ.
– Ман ҳам бо духтарам рафтан лозим, бойбача, – нолиш кард кампири қоқи рӯяш ба ранги чарми куҳна. – Охир, мани муштипар бе Гулсум чӣ кор мекунам, куҷо меравам?
– Куҷое, ки равӣ ихтиёрат, оча, – ҷавоб дод занталаб. – Ман туро нагирифтам, духтаратро гирифтам. Бо набераат дар хонаи худат шиштан мегирӣ. Ман ҳар вақт ба бозор биёям, аз ту хабар мегирам, орд–порд оварда медиҳам.
Ҷавонзани шаҳлочашм зор–зор гирист, бачаашро ба синааш пахш карда бӯсида сару рӯю гардани вайро ба оби дидааш тар карду баъд бачаро ба бағали кампир партофта, худ ноилоҷ аз қафои чакмани сурхпӯш равон гардид...
Дар рӯзи равшан дар пеши чашми Восеъ коре шуд, ки зоҳиран дар ин ҷоҳо кори оддӣ ба шумор мерафт ва ҳар рӯзу ҳар соат воқеъ мегардид, аммо барои чи бошад, ки дили сангҳои шаҳр об намешуд, қалъаи ҳоким ба дарё фурӯ намеғалтид ва ин масҷиду мадрасаҳои боҳашамат ҳам барҷо истодан мегирифтанд... Фақат дар чашмони Восеъ ашк ҳалқа зад.
Аз шонздаҳ масҷиди шаҳр пайи ҳамдигар овози муаззинҳо баланд гардида мусулмононро ба намози пешин даъват кард. Баъд дӯконҳо, растаҳо, чойхонаву ошхонаҳо камодаму камтараддуд шуда монданд.
Восеъ гуруснагӣ ҳис кард. Дар кисааш як пул надошт.
Афсӯс хӯрд, ки чаро ба тамошои шаҳр андармон шуда ба худ кореву музде наҷуст. Мумкин буд ҳаммолӣ кунад ё ба ошпазу чойхонадорон обу ҳезуме кашонда як танга– ним танга пайдо намояд. Ӯ ба ҷустҷӯи ҳамин гуна кору хизмати тасодуфие афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё