Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар байни ғалоғулаи бозор нолиши гадоёни марду зан шунида мешуд: «Хайр кунед!.. Илоҳӣ кам нашавед!..»
Дар сари кӯчаи пурчангу хок даҳ–дувоздаҳ нафар занони пиру ҷавон қатор нишаста косаҳои чӯбину сафолинро дар пешашон гузошта аз роҳгузарон хайру садақа металабанд. Рӯйи занҳо кушода, сари баъзе бараҳна, баъзе дар бағалу паҳлуи худ кӯдакони хурдсоли урёни хоколудро гирифта нишастаанд. Ду–се нафар зани ҷавон сар ба зер афканда, ё рӯйҳошонро бо нӯги рӯмолҳои чиркини худ нима пӯшонидаанд ва овози баланд намебароварданд.
Инҳо кӣ бошанд ва чаро ба гадоӣ маҷбур шудаанд? Восеъ шунида буд, ки баъзе ҷавонзанони беваю бекас монанди гадоён ба сари кӯча баромада менишинанд, то шояд марде пайдо шавад, ки онҳоро ба занӣ бигирад. Воқеан ҳам, инак, марди чакмани сурхпӯше, аз афташ давлатманди аз саҳро омада, – назди яке аз он занҳои ҷавони кӯдакдор дикак нишаста ӯро ба гап гирифт. Ба пурсишҳои ӯ занак шармгинона ба паҳлу нигариста ҷавоб медиҳад. Пиразани муштипари дар паҳлуяш нишаста ба ӯ мегӯяд: «Шарм надор, духтарам, гап зан, шояд, ки Худо туро насиби ҳамин бойбача карда бошад».
– Канӣ рӯятро дурусттар кушо, бинам, – гуфта чакмани сурхпӯш худаш остини занро аз рӯяш дур кард. – Дастҳоятро нишон деҳ. Аз дастат чӣ кор меояд?
– Ҳама кор аз дасташ меояд, – ба ҷойи ҷавонзан модараш ҷавоб дод, – хотирҷамъ бошед, бойбача. Шукр, духтарам биноӣ, чаққон, ақлу ҳушаш баҷо. Як шӯи одамшаванда дошт, бечора умраш кӯтоҳ будааст, ба наздикӣ қазо кард...
– Пашм ресида метавонӣ? Қолин бофта метавонӣ? – боз донистанӣ шуд чакманисурхпӯш.
– Накардааст–ку, лекин як бор бинад, даррав ёд гирифта, карда рафтан мегирад, бойбача, хотирҷамъ бошед; шукр духтаракам ҳушёр, зирак...

пешина
аз 471
навбатӣ