АХТАРОНИ АДАБ

Чун пирамард аз хатнависӣ фориғ гашт, Восеъ аз вай аризае ба номи ҳокими Шаҳрисабз навишта доданро илтимос ва музди аризаро баён кард:
– Бинавис, ки Назир валади Хушмуҳаммад як бечораи кӯҳистонӣ, худаш одами пок, худотарс аст, одамкуш нест.
Аз бечорагӣ ба Шаҳрисабз омада буд, барои мардикорӣ.
Ба гардани ӯ туҳмати одамкуширо зада, ноҳақ дар зиндонаш андохтаанд. Илтимос ин ки ҷаноби ҳоким адолат кунанд, Назири бегуноҳро озод кунанд...
Мулло аризаро навишта дода аз Восеъ ду танга «ҳаққи қалам» – онрӯза бозёфти бечорагии ӯро гирифт. Восеъ аз ӯ пурсид: Остонақули ҳоким, ки ҳозир дар ҳамин шаҳр будааст, дар куҷо меистад ва аризаро ба ӯ чӣ тавр бояд расонд? Пирамард ҷавоб дод: Қӯши Остонақул дар кадом як боғи беруни шаҳр, дар наздикии чорбоғи ҳокими Қаршӣ аст, аризаро ба ӯрда бурда ба дасти аризачӣ додан лозим аст, вай баъзе рӯзҳо дар пеши дарвозаи ӯрда аризаҳои аҳли ҳоҷатро қабул мекунад. Баъди ягон ҳафта аз ҳоким ҷавоби аризаҳо мебарояд...
Восеъ ҳамон дам ба тарафи ӯрда (қалъа) шитофт.
Дарвозабонҳои ӯрда ба вай гуфтанд, ки аризачӣ имрӯз кайҳо аризаҳои мардумро ғундошта бурд...
Рӯзи дигар пагоҳӣ Восеъ боз дар он ҷо ҳозир шуд.
Дар Регистон – майдони пеши ӯрда мардуми бисёре ҷамъ шуда буданд. Сипоҳиёни шоҳию адрасу зарбофтпӯш сертараддуд; даста–даста сарбозони милтиқдор ба либосҳои низомӣ саф кашида меистоданд. Маълум шуд, ки онҳо мунтазири амир будаанд – амир ба чӣ муносибате аз чорбоғи беруни шаҳр, ки ӯ дар он ҷо меистод, ба ӯрда меомадааст.
Як маҳал дар кӯчаи калон як гурӯҳ саворони босавлату салобат, дар танашон ҷомаҳои рангоранги гаронбаҳо ва дар миёнҳошон шофу шамшери ба камарбандҳои қуббадори зарнигору нуқракӯб ҳамоил пайдо гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё