АХТАРОНИ АДАБ

Мирзоакрамбой дили ӯро маҷруҳ карда буд.
Амалдори собиқ, ки аз зердастони худ, ҳатто аз деҳқонон ва сокинони бо ягон арз ба наздаш меомадагӣ доим тавозӯъ, забунӣ, илтиҷокорӣ медид ва ба ин одат карда буд, аз далерӣ ва бебокии ин марди кӯҳистонӣ дар ҳайрат монд. Восеъ на ин ки мисли як хизматгори мутеъ ва ниёзманд, балки ҳамчун муддаии ҷасуре гап мезад.
Аз тарафи ин галабони чоруқпӯш бо чунин густохӣ фош карда шудани дурӯғгӯӣ риёкории Мирзоакрамбой ӯро дар пеши гӯсфандҷаллоб ва домоду писари вай гарчанде онҳо хешони худаш бошанд ҳам, мулзам карда монд. Ӯ чорае наёфт ҷуз ин ки бо итобу таҳдид рӯйи шармсори худро пӯшонданӣ ва дами Восеъро паст карданӣ шавад:
– Аз ҳаддат нагузар, ки пушаймон мешавӣ, масчоӣ!
Худи ту кистӣ, ки ба ман ин хел дағдаға мекунӣ, маро дурӯғгӯй меномӣ?! Дониста мон, ки ман ту барин шӯрапуштҳоро дарвоқеъ, бисёр аз ғалбер гузарондаам! Ман агар хоҳам, аз барои ин гапҳоят, аз барои ман барин як одами баобрӯ ва хизматгори ҷаноби олиро беҳурмат карданат, туро на ин ки аз музди корат маҳрум мекунам, балки ба раиси шаҳр гуфта туро зиндон кунондан ҳам аз дастам меояд. Ҳаққи туро ҳеҷ кас нахӯрдааст, ман дарвоқеъ, аз рӯйи расму таомули мамлакат рафтор карда истодаам.
Беҳтар он ки ту ба нағзӣ ин бисту се танга ҳаққи худатро гиру равон шав!
Гӯсфандҷаллоб барои зудтар аз ин моҷарои дилгирона халос шудан онро ба мусолиҳа тамом карданӣ шуда ба бой гуфт:
– Хайр, галабон беадабӣ карда бошад ҳам, шумо гузашт кунед, мирзо. Биёед ба болои муздаш боз даҳ танга ҳамроҳ кунед, садқаи саратон. Ба як мусофири ғариб хайр кардагӣ барин гап. Агар шумо не гӯед, ман аз ҷониби худам медиҳам. – Ӯ ҳамёни Мирзоакрамбойро аз дасташ рабуда боз даҳ танга бароварда, тангаҳоро қариб бо зӯрӣ ба кафи Восеъ ниҳод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё