Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо Ниёз, Ниёзи хомӯш, фармонбардори доим ҳақоратшунав ва шаттахӯр ногаҳон ҷасорате дар худ пайдо карда, бойро дар ҳайрат мононда чунин гуфт:
1
– Таппончаро аз ошнои урусатон силав гирифта будед–ку, тағо.
Бой якбора ғазабаш таркида ба дастёри худ фарёд зад:
– Ту ҳам забон баровардӣ?! Гум шав, падарлаънат!
Ниёз ҳаросон аз меҳмонхона бадар рафт.
Лекин ғазаби Мирзоакрамбой Восеъро натарсонд:
– Якто дурӯғи шумо маълум шуд, хӯҷаин! – оромона, аммо бо тамасхури ниҳонӣ қайд кард ӯ ва риштаи гапашро наканда давом намуд: – Акнун боз бигӯед, ки шумо чоруқ, яктаҳу лозимии ба ман додагиатонро ҳам ба пул харида будед? – Магар аз ошнои ғузориатон ба муфт пурсида нагирифта будед? – Дар ин ҷо ба хотири Восеъ расид, ки ӯ бо ин гапи худ Ниёзро дар назди хӯҷаинаш «хабаркаш» карда нишон дода боз зиёдтар ба бало мемононад, бинобар ин ба тариқи «дурӯғи маслиҳатомез» илова кард: – Ман медонам, пӯшоку чоруқ ба шумо аз ошнои ғузориатон муфт расид, инро ба ман хизматгори ошноятон гуфт. Ана ин боз як дурӯғи шумост, хӯҷаин. Дуздии корвонсаройро гӯед, аз он дуздӣ шумо не, ман зарар кашидам.
Ман хизматгори шумо шуда дар корвонсарой хоб кардаму хӯрҷинамро дузд бурд: ман мегӯям ҳақиқаташ ин ки товони дуздиро шумо ба ман диҳед, на ин ки ман ба шумо диҳам...
Восеъ сари ду зону нишаста дастҳои калон–калони ҷувозкашонаашро ба зонувонаш паҳн карда бо шеваи кӯҳистонии худ сахт–сахт гап мезад.
Ӯ аламзада буд, ин фиребгарӣ, ноодамӣ, бедодгарии

. Силав – ҳадя, инъом.

пешина
аз 471
навбатӣ