Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ аз ҷояш хест.
– Ман гадо нестам, ба ман хайру садақа даркор нест.
Бигир хӯҷаин! – Инро гуфта ӯ тангаҳоро ба пеши бой партофт. – Ман ҳаққи хизматамро ба ту бахшидам, ту сер шав, хӯҷаин!..
Ӯ баромада рафт.

БОБИ ҲАШТУМ

Алам, қаҳру ситезаи ӯ нисбат ба Мирзоакрамбои худобехабар ҳоло фурсаташ намедод, ки фикре ба ҳолу кори худ кунад. Ду дасти холӣ бар пушт карда дар тангкӯчаҳои маҳаллоти шаҳри бегона бешитоб қадам мезаду воқеаҳои мусофирати дуҳафтагии худро ба ёд меовард. Машкобии ба дами марг хобида дар каҳдон ва ҷанозаи ғарибонаи ӯ...
Муридони чашмгурусна ва яғмогари Саидасрор... Саройбони дузд ва шарики ниҳонии ӯ–миршаби ҳилагар... Ин хӯҷаини хушмуомилаи ғамхорнамо, ки дар оқибат, пас аз он ки «хараш аз лой» гузашт, дар ҳаққи ӯ чунин ноодамӣ ва лаънӣ кард... «Э дунё!..» – ба ҳасрат мегуфт Восеъ дар дили худ.
Фақат вақте ки дар бораи Ниёз фикр мекард, андак рӯшноие ба дилаш метофт. Сағира ба вай унс гирифт, вай ҳам сағираро дӯст дошт. Ба хотири ӯ Ниёз дурӯғи бешармонаи хӯҷаинашро фош кард, аз вай натарсид. Восеъ ба ҷудо шуданаш аз Ниёзи меҳрубон, ростқавл ва кушодадил афсӯс мехӯрд.
Дар сари бозоргоҳ дид, ки якчанд сорбони хоколуди зоҳиран аз дашту саҳро омада борҳошонро фуровардаанду ба лаби ҷӯй нишаста ношто мекунанд, нони чапотӣ ва талқон мехӯранд. Ин манзара фикри Восеъро ба ҳолу аҳволи худаш овард: вай куҷо меравад? Минбаъд чӣ кор мекунад? Тани танҳо, бе пул, бе макон, бекасу кӯй дар ин шаҳри мусофирӣ ҳолаш чӣ мешавад? Мақсади мусофираташ–ку Назир аст, ба он сиёҳбахти ноком чӣ гуна бояд расид?

пешина
аз 471
навбатӣ