Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Кӣ вай, шиносат?
– Як машкобии ховалингӣ.
Бой истеҳзои Восеъро нафаҳмида гуфт:
– Як машкобии бесару сомон чӣ касест, ки ба каси дигар кафил шуда тавонад? Боз ба худи вай кафил ёфтан лозим!
– Тақсир, модом, ки шумо ба ман боварӣ накунед, машкобиро одам ҳисоб накунед... дигар чӣ ҷойи гап!
Инро гуфта Восеъ боз ба тараддуди рафтан афтода буд, ки амин ӯро боздошта, ба меҳмонаш «кафил ман худам»
гӯён ин дафъа худаш аз ҷониби бой бо Восеъ ба гуфтугӯ даромад. Ӯ ҳис кард, ки Восеъ шахси мардона ва ростқавлест. Ба илова ӯ мехост меҳмони серхархашаашро ба роҳ гусел карда худро аз вай ва аспҳои вай осуда намояд. Бой галабонии Восеъро қабул намуд, аммо дар сари музди хизмати ӯ боз кашокаш сар кард: музди галабонро ӯ ҳар рӯзе беш аз чор танга қабул надошт, аммо чор танга барои нигоҳубини понздаҳ сар асп воқеан ҳам ноинсофӣ буд, Восеъ розӣ нашуд: ӯ гарчанде муҳтоҷ бошад ҳам, худро ба ин бои хасис арзон фурӯхтан намехост. Баъди кашокаши бисёр амин базӯр бойро ҳар рӯзе ҳар сари асп ним тангагӣ ба ҳафтуним танга розӣ кард. Инчунин бо талаби Восеъ хӯҷаин ба ӯ дар Душанбе музди якрӯзаашро доданӣ шуд. Бақияи муздро галабон дар Бухоро хоҳад гирифт.
Саҳари дигар ба роҳ баромаданд. Хӯҷаин савори аспи
1 «гулибодом» ва пешхизматаш – хоҳарзодааш, Ниёз савори аспи сиёҳ пеш–пеш мерафтанд.
Восеъ бошад як аспи саманди бақуввати давандро худаш савор шуда ва аспони дигарро ҳай карда аз ақиби онҳо ҳаракат менамуд. Галабонӣ барояш чандон душвор набуд, зеро ӯ дар ҷавонӣ соле ба дари Хӯҷамурод – мирохӯри кангуртӣ ин хизматро карда таҷриба ҳосил намуда буд. Амлокдори Душанбе аз ошноҳои қадрдони Мирзо-

. Гулибодом – аспи кабуд ё хокистарранге, ки холҳои сафед дорад.

пешина
аз 471
навбатӣ