Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

зеро ин навъ гуфтугузори меҳмонашро бо Восеъ бедахл ва бемаврид медонист, ба гап ҳамроҳ шуд:
– Хайр, ин гапҳоро монему ба сари мақсад биёем. Мардакро ба галабонӣ мегиред ё намегиред? – муроҷиат кард ӯ ба Мирзои Қорӣ.
– Аз гирифтан пештар вайро санҷида диданам лозим.
Охир, бародараш дар зиндон будааст, ман надонам ин худаш чӣ хела одам. Яктара насанҷида, тезбул карда гирифта будам, дузд баромад. Дигар ин ки ин одам ба Шаҳрисабз мерафтааст, аммо ба ман галабони то Бухоро мерафтагӣ даркор.
– Ба Бухоро аз болои Шаҳрисабз гузашта мераванд ё бо роҳи дигар? – пурсид Восеъ.
– Шаҳрисабз дар як тараф мемонад, – ҷавоб дод амин ва ба меҳмонаш ишора карда илова намуд: – Ин кас аз Ғузор он тараф, ба дасти чап – ба роҳи Қаршӣ меравад, роҳи Шаҳрисабз ба дасти рост меравад. Агар ту галабониро ба гардан мегирифта бошӣ, бояд, ки аспҳои ин касро то Бухоро расонда диҳӣ. Не агар ту Бухоро намеравам, аз нисфи роҳ ба Шаҳрисабз мегардам гӯӣ, галабонии ту ба ин кас даркор нест.
– Хуб, агар хӯҷаин маро галабон бигирад, майлаш ман то Бухоро меравам, – гуфт Восеъ. – Аспҳошонро ба Бухоро расонда медиҳаму худам ба Шаҳрисабз бармегардам.
– Ин тавр, ки бошад, – ба Мирзоакрамбой нигоҳ карда гуфт амин, – айни муддаост.
Бой сукут кард: зоҳиран, ӯ ҳанӯз ҳам аз Восеъ дилаш пур набуд. Баъди сукут ӯ аз афти кор, дину диёнати Восеъро санҷиданӣ шуда ба ногоҳ аз ӯ пурсид: – Фарзи ъайнро медонӣ?
Восеъ ин чизро пештар шунида бошад ҳам, ҳозир чӣ будани онро ба ёд надошт, ҳайрон монд.
– Дидед, – гуфт Мирзои Қорӣ ба амин, –ин мардум худашонро мусулмон мегӯянду лекин аз фароиз ҳеҷ балоро намедонанд. – Ӯ боз ба Восеъ рӯ оварда болои ҳам чанд саволи дигар дод: – Намоз мехонӣ? Рӯза медорӣ? Мусулмонӣ бар чанд навъ аст, медонӣ?

пешина
аз 471
навбатӣ