Зеҳн
Ҳикояҳо барои хурдтаракон

Ин китоб ҳикояҳои кӯтоҳи тарбиявӣ ва омӯзандаи Лев Толстойро барои кӯдакони хурдсол дар бар мегирад. Дар онҳо воқеаҳои содаи ҳаётӣ ва ҳикматҳои гуногун бо забони сода баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБОИ ПИР ВА НАБЕРАЧА
(масал)

Бобо хеле пир шуда буд. Пойҳояш аз ҳаракат монданд, чашмонаш намедиданд, гӯшҳояш намешуниданд, дандонҳояш рехта буданд. Вақте ки ӯ хӯрок мехӯрд, хӯроки хӯрдагиаш аз даҳонаш пас гашта мерехт. Писар ва келинаш ӯро дар сари стол намешинондагӣ шуданд, дар паси печка ба ӯ хӯрок медоданд. Боре дар коса ба ӯ хӯрок доданд. Вай хост, ки косаро ба тарафи худ кашад, вале онро ғалтонида шикаст. Келинаш пирамардро дашном додан гирифт, ки ӯ дар хонаи онҳо ҳама чизро вайрон мекунад, косаҳоро мешиканад ва гуфт, ки минбаъд ба вай дар тағодача хӯрок медиҳад. Пирамард фақат оҳи сард кашида чизе нагуфт.

Боре шавҳар бо ҳамроҳии занаш дар хона нишаста буданд ва диданд, ки писарчаашон дар рӯи пол нишаста бо тахтаҷаҳо бозӣ мекунад ва ким-чӣ месозад. Падараш пурсид: „Миша, ту чӣ кор карда истодаӣ?“ Миша бошад гуфт: „Ман, дада, тағодача сохта истодаам. Вақте ки шумо бо ҳамроҳии модарам пир шуда мондед, ба шумо дар ҳамин тағодача хӯрок медиҳам“.

Зану шавҳар ба якдигар нигариста, гирья карда сар доданд. Онҳо аз ин ки пирамардро озор медоданд хеле шарм карданд ва аз ҳамон вақт сар карда, ӯро ба сари стол мешинониданд ва нигоҳубин кардагӣ шуданд.

пешина
аз 7