Зеҳн
Ҳикояҳо барои хурдтаракон

Ин китоб ҳикояҳои кӯтоҳи тарбиявӣ ва омӯзандаи Лев Толстойро барои кӯдакони хурдсол дар бар мегирад. Дар онҳо воқеаҳои содаи ҳаётӣ ва ҳикматҳои гуногун бо забони сода баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ПИРАМАРД ВА НИҲОЛИ СЕБ

Пирамарде ниҳоли себ мешинонд. Ба вай гуфтанд: „Ин ниҳолҳоро чаро мешиноӣ? То ҳосил додани онҳо умри ту нарасад ва ту аз онҳо себ хӯрда наметавонӣ“.
Пирамард гуфт: „Ман нахӯрам, дигарон
хӯрда ба ман раҳмат мегӯянд“.

МУРЧА ВА КАБӮТАР
(масал)

Мӯрчае ба лаби ҷӯй фуромада, хост ки об нӯшад. Мавҷи об шалаппас зада, қариб буд ки ӯро ғарқ кунад. Кабӯтаре шохҷаеро бардошта мебурд; вай дид, ки мӯрча ғарқ шуда истодааст ва шохҷаро барои ӯ ба даруни ҷӯй партофт.
Мӯрча ба шохча баромада нишаст ва аз ғарқшавӣ халос шуд. Баъд шикорчие тӯр партофта, хост кабӯтарро гирад. Мӯрча ба пеши шикорчӣ хазида омада, пои ӯро газид; шикорчӣ ох гуфта тӯрро аз даст афтонд. Кабӯтар парида рафт.

пешина
аз 7
навбатӣ