Ҳикояҳо барои хурдтаракон

Ин китоб ҳикояҳои кӯтоҳи тарбиявӣ ва омӯзандаи Лев Толстойро барои кӯдакони хурдсол дар бар мегирад. Дар онҳо воқеаҳои содаи ҳаётӣ ва ҳикматҳои гуногун бо забони сода баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа
ШЕР ВА МУШ
Шере хобида буд. Як муш аз рӯи бадани ӯ давида гузашт. Вай аз хоб бедор шуда, мушро дошта гирифт. Муш ба вай зорию тавалло кардан гирифт, ки ӯро сар диҳад; муш гуфт: „Агар ту маро сар диҳӣ, ман ҳам ба ту нағзӣ мекунам“. Шер хандид, ки муш ба ӯ ваъдаи хубӣ карда истодааст, ва ӯро сар дод.
Баъд шикорчиён шерро дастгир карда
бо арғамчин ба танаи дарахт бастанд. Муш наъраи шерро шунида, давида омад ва арғамчинро бо дандонҳояш хоида буриду гуфт: „Дар хотират ҳаст, хандида будӣ, ки ман ба ту хубӣ карда метавониста бошам, акнун дида истодаӣ, ки аз дасти мушон ҳам хубӣ меояд“.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё