Ғунҷишки дидбон

Ин китоб асари нависандаи бузурги рус Лев Толстой буда, барои хонандагони наврас ва кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он ҳикояҳои тарбиявӣ ва омӯзандаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 4 саҳифа
Дар ҳайвонотхонаи шаҳри Лондон ҳайвонҳои ваҳширо нишон медоданд ва ба ивази тамошо аз одамон пул ё худ барои авқоти ҳайвонҳои ваҳшӣ сагбача ва пишакчаҳо мегирифтанд.
Як кас хост, ки ҳайвонҳои ваҳширо тамошо кунад; вай аз кӯча сагбачаеро дастгир карда ба ҳайвонотхона овард. Ӯро ба ҳайвонотхона дароварданд, сагбачаро бошад, ба ҷои хӯрок ба пеши шери дар қафас будагӣ
партофтанд.
Сагбача думашро каҷ карда, ба як кунҷи
қафас ҷой шуд. Шер ба саг наздик омада
бӯй кард.
Сагбача бошад, пушноқӣ дароз кашиду пойҳояшро боло бардошта думашро ликкондан гирифт. Шер ӯро паҳлу гардонд.
Сагбача ҷаста бо ду пои ақибаш рост
шуд.
Шер ба сагбача нигоҳ кард, сарашро ба ин тараф он тараф гардонду ба сагбача дигар кордор нашуд.
Вақте ки хӯҷаин ба шер гӯшт партофт,
шер як парча гӯштро ҷудо карда ба сагбача
дод.
Шабона, вақте ки шер хобид, сагбача ҳам ба пеши шер дароз кашида сарашро ба болои пойҳои вай гузошта хоб кард.
Аз ҳамон рӯз сар карда, сагбача бо ҳамроҳии шер дар як қафас зиндагӣ мекард. Шер ба ӯ ҳеҷ даст намерасонд, бо ӯ дар як ҷо мехӯрд, як ҷо мехобид ва баъзе вақтҳо бо вай бозӣ мекард.
Рӯзе як бой ба ҳайвонотхона омад ва сагбачаи худро шинохт. Вай гуфт, ки сагбача аз они ман аст. Ва аз хӯҷаини ҳайвонотхона илтимос кард, ки сагбачаашро гардонда диҳад.
Хӯҷаин ҳам розӣ шуда хост, ки сагбачаро ба соҳибаш гардонда диҳад. Аммо вақте ки сагбачаро аз даруни қафас гирифтанӣ шуданд, шер қаҳр карда наъра зад.
Ба ҳамин тариқ, шер ва сагбача як соли пурра дар як қафас зиндагӣ карданд.
Баъд аз як сол сагбача касал шуду мурд. Шер аз авқотхӯрӣ монд ва ҳар замон сагбачаро бӯй мекард, мелесид, ва бо панҷааш вайро ин тараф-он тараф мегардонд.
Вақте ки шер мурдани сагбачаро фаҳмид, якбора мӯйҳояшро сих карда, бо думаш худашро зад, ба девори қафас худашро молид ва бо дандонҳояш полро газида наъра кашид.
Ба ҳамин тариқ вай як рӯзи дароз худашро ба деворҳои қафас зада наъра зад, баъд аз он дар паҳлӯи мурдаи сагбача хобид ва хомӯш шуд. Хӯҷаин хост, ки мурдаи сагбачаро гирифта партояд, аммо шер намегузошт, ки ба пеши ӯ касе наздик шавад.
Хӯҷаин гумон кард, ки агар ягон сагбачаи дигарро ба пеши шер сар диҳад, он вақт шер боз ғаму ғуссаашро фаромӯш карда хурсанд мешавад. Вай ба пеши шер сагбачаи дигареро партофт, вале шер дар худи ҳамон дақиқа ӯро пора-пора карда партофт. Боз аз нав мурдаи сагбачаро бо панҷаҳои худ ба оғӯш гирифт ва бо ҳамин аҳвол панҷ рӯз зиндагӣ кард.
Рӯзи шашум шер мурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё