Зеҳн
Ғунҷишки дидбон

Ин китоб асари нависандаи бузурги рус Лев Толстой буда, барои хонандагони наврас ва кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он ҳикояҳои тарбиявӣ ва омӯзандаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 4 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУРБАЧА

Вася ва Катя ном як додару хоҳар буданд. Онҳо як гурба доштанд. Дар вақти баҳор гурба гум шуд. Бачаҳо ҳама ҷойро кофтанд, лекин ёфта натавонистанд. Рӯзе онҳо дар пеши анбор бозӣ карда истода шуниданд, ки аз боло чизе бо овози нозук мияв-мияв мекунад. Вася бо нардбон ба таги боми анбор баромад.
Катя бошад, аз поён истода „Ёфтӣ-мӣ?“
гӯён мепурсид. Аммо Вася ба ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод. Ниҳоят Вася ба вай бо овози баланд
гуфт: „Ёфтам! Гурбаи худамонро... гурбачаҳо
ҳам дорад. Гурбачаҳо хеле аҷибанд. Ин ҷо
биё, зуд биё!“

Катя ба хона давид ва барои пишак шир
овард.

Гурбачаҳо панҷто буданд. Вақте ки онҳо
андаке калон шуданд ва аз гӯшаи анборе,
ки дар он зоида шудаанд, хазида баромадан
гирифтанд, бачаҳо аз онҳо якта панҷаҳояш
сафед ва хокистарирангашро гирифта ба хона
оварданд. Модари бачагон ин гурбачаро дар
хона монда, дигарашонро ба ҳар кас дод.

Бачаҳо ба гурбача хӯрок медоданд, бо вай бозӣ мекарданд ва ҳамроҳи худашон мехобонданд.

Рӯзе бачаҳо барои бозӣ кардан ба кӯча
баромада гурбачаро ҳам бо худ гирифтанд.

Шамол хасҳои сари роҳро ба ҳаракат меовард, гурбача бо хас бозӣ мекард ва бачаҳо ба вай нигоҳ карда шодӣ мекарданд.
Баъд аз он бачагон дар наздикии роҳ алафи туршак ёфтанд ва бо чидан машғул шуда гурбачаро фаромӯш карданд.

Баногоҳ онҳо шуниданд, ки касе бо овози баланд фарёд мекунад: „Ақиб гард, ақиб
гард!“, — ва онҳо диданд, ки як шикорчӣ тохта
меояд ва пеш-пеши ӯ ду саг давида истодаанд. Сагҳо гурбачаро дида хостанд, ки вайро
даст гиранд. Аммо гурбачаи нодон ба ҷои
он ки гурезад, ба замин нишаста пушти худро дӯнг карда, ба сагҳо нигоҳ мекард. Катя
аз тарс додгӯён гурехт. Вася бошад, бо тамоми қувваташ давида ба гурбача расида гирифт, дар худи ҳамин вақт сагҳо ҳам расида
омаданд.

Сагҳо хостанд, ки гурбачаро дошта гиранд, аммо Вася худро ба болои гурбача партофта, ӯро аз сагҳо пинҳон кард.

Шикорчӣ тохта омада, сагҳоро ҳай кард.
Вася гурбачаро ба хона овард ва дигар ҳеҷ
вақт онро ҳамроҳи худ ба саҳро намебурд.

пешина
аз 4
навбатӣ