Зеҳн
Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа

ЛатифаКӯдакон
Аз аввал хондан

Шаннӣ як пиёла мурабборо дар як дам фурӯ бурд.

  • Хайр чӣ хел, ширин аст? - пурсид бибиаш.
  • Зуд хӯрда мазаашро нафаҳмидам, - гуфт Шаннӣ. - Як пиёлаи дигар диҳед, хӯрда, чӣ хел буданашро мегӯям.

Ҳангоми дарс муаллим ба толибилмон савол медиҳад:

  • Кадоме аз шумо худро нодон меҳисобад, аз ҷояш хезад!
    Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад. Ин дам Роберт аз ҷояш мехезад.
    Омӯзгор аз ӯ мепурсад:
  • Ту худатдро нодон мешуморӣ?
  • Не, дар ҳоле, ки шумо худатон танҳо рост истодаед, худро нороҳат ҳис кардам.

Муаллим дар охири дарс як-як аз хонандагон пурсид, ки оянда кӣ мешаванд.
Хонандае, ки дар мизи охир нишаста буд, чунин ҷавоб дод:

  • Ман дар оянда касби Бобои Барфиро интихоб мекунам.
    Муаллим дар ҳайрат монда аз ӯ пурсид, ки чаро ин касбро интихоб мекунад?
  • Чунки Бобои Барфӣ дар 1 сол 1 рӯз кор мекунаду 364 рӯз дам мегирад.
пешина
аз 15
навбатӣ