Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
дорӣ, балки ба эҷодкорӣ ҳам қодир ҳастӣ!»
Вай инчунин аз Бобо Алеся хоҳиш кард, ки мазмуни номаро ҳам албатта пурра азёд намояд. «Аз ҳама муҳимаш ин ки аз он Олими донишманд мо чӣ мехоҳем, чӣ илтимос дорем?
Баъзеҳо гуфтанд, ки акнун чӣ бояд кард: ба амале даст назадӣ, ҳалокати худро аз дасти мушҳои паррон интизор бошем, ё ки замини ин Байнаннаҳри беҳамтоамонро тарк карда, пайи марғзори дигар биравем?..»
Тит Ганҷӣ фармуд, ки хати ҳаракатро бодиққат зери назорат гиранд. Шояд манзилҳои мувофиқтаре пайдо мешавад. «Аҷаб не, ба ҳамон ҷо кӯч мебандем» - бас ҳазину ғамангез иброз дошт сарвар фикри худро.
-
Хӯб, роҳи манзили Ҳашаротшиносро ман чӣ гуна пайдо намоям? – пурсид Бобо Алеся.
-
Туро назди Ҳашаротшинос рӯдҳо роҳнамоӣ мекунанд! Аз ин ҷо парвоз мекунӣ, бо соҳили Свислоч ба Ҷануб! Масири дуру дарозе тай месозӣ. Агар шитоб мекунӣ, пас дам гирифта, дар якуним – ду рӯз он ҷо мерасӣ. Ба шохоби рӯдҳо бодиққат бингар! Эҳтиёт шав, ки раҳгум назанӣ! Охир, сари роҳ ту аз рӯдҳои Болочан, Талк, ки ба рӯди Свислоч мерезанд, убур мекунӣ. Агар маҷрои асосӣ туро ба Сафедорон оварад, пас роҳ аз он ҷо то Мамнӯъгоҳ хеле кам мемонад.
Мегӯянд, ки бинои Ҳашаротшинос аз қасрҳо ҳам зеботар аст. Қасри бошукӯҳ андар бешазорон! Сари манорааш ҳайкали Шоҳаншоҳ – ҳамон шапалаке, ки дар Амрикои дурдаст будубош дорад, гузошта шудааст. Кифоя аст ба дасти Олим додани ҳамин номаи мо. Ва маслиҳати додаи ӯро дар хотир нигоҳ доштанат хеле зарур аст!.. Парвоз намо, азизам! Ҳамаи умедҳоямон ба ту!..
Воқеан, Бобо Алеся он Олими Ҳашаротшиносиро ба осонӣ пайдо кард. Аниқтараш, қасри калони чӯбкориро ҷӯст, ки дар он марғзори гул – гулшукуфон мисли Қалъа қад афрохта будаст.
Бобо Алеся он Шоҳаншоҳ - шапалаки чӯбинро аз дур бидид. Ва ин фиристодаи бошандагони Титово рӯи болу пари шапалак - Шоҳаншоҳ рафта нишаст. Вай зиёд интизор нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё