Пирамиди хандонрӯ

Ин китоб як афсонаи ҷопонӣ буда, сагу ҳайвонот ва девҳоро дар бар мегирад. Он қиссаи пирамард ва рӯйдодҳои аҷиби ҳаёти ӯро нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа
Яке аз девҳо гуфт: «Майлаш, пирамард, туро озод мекунем, ба шарти он ки ҳар шаб ба ин ҷо омада моро хандонӣ! Гапи маро фаҳмидӣ, пирамард?»
Пирамард, ки чорае ҷуз итоат надошт, қабул кард. Яке аз девҳо бошад, гуддаи рӯи пирамардро гирифта канд ва гуфт: «Мо ин себи ҷангалии туро мегирем, то фардо шаб ту маҷбур шуда, боз назди мо биёӣ. Фаҳмидӣ, пирамард?»
Девҳо фикр мекарданд, ки ин гудда бояд чӣ қадар чизи арзандае бошад, ки пирамард дар рӯяш нигоҳ медорад! Аммо шумо медонед, ки дар асл ин хел набуд.
Пирамардӣ ҳандонрӯ аз дасти ин ғуддаи зишт ҳамеша дар азоб буд. Ҳоло чӣ чиз беҳтар аз ин, ки аз як ғуддаи масхараомез халос шуд? Пирамард зуд бо девҳо хайрухуш карду роҳи хонаро пеш гирифт. Вай шитобон ба хона мерафт, ки мабодо девҳо пушаймон шуда ғуддаро пас надиҳанд. Вақте ба хона расид, ҳамсарашро дид, ки бедор нишаста ва мунтазири ӯ буд. Ашки чашмони пиразан ба рӯяш ҷорӣ буд, аммо чун шавҳараш омад, ғаму ғуссаро фаромӯш карду хушҳол шуд. Пирамард ҳам тамоми ҳодисаро ба пиразан таъриф кард ва дар ниҳоят гуфт: «Инро хушиқболӣ мегӯянд! Дидӣ, ки чӣ хел осон аз дасти ин ғуддаи лаънатӣ халос шудам?!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё