Зеҳн
Байтал

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, барои хонандагони наврас пешбинӣ шудааст. Он дорои ҳикояҳову қиссаҳо оид ба табиат ва олами ҳайвонот мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

КӯдаконАдабиёт

ШИКОРИ РӮБОҲ

Аз ин воқеа чанд сол гузашта бошад ҳам он ҳеҷ аз хаёлам немеравад. Ҳамин, ки дар бораи рӯбоҳ, ё афсонаи “Рӯбоҳи ҳилагар”-ро шунидам боз он воқеаи мудҳиш пеши рӯям меояд.
Ин дам мехоҳам ба одамон фаҳмонам, нидо кунам, ки ин мо – инсонҳоем, ки рӯбоҳро ҳилагару морро газанда ва хирсро бефаҳм гуфтаем. Он рӯзи наҳс бо дӯсти шикорчиям дар паҳнои дара мегаштем. Дар ин марғзор диққати маро бештар гулу буттаҳо, ниҳолакони зебо, чашмаҳои мусаффо мекашид.
Гоҳ-гоҳе ба суханҳои шикорчӣ гӯш медодаму ҳайрон мешудам. Ӯ исбот кардани мешуд, ки шикор кайфияту ҳаловати хоса дорад. Нав аз ҳамгаште мегузаштем, ки ногоҳ рафиқи шикорчиям худашро паҳлӯи санги азиме руст карда, маро таъкид намуд: ин ҷо бошам...
Бинам дуртар рӯбоҳи зардҷатобе ки қариб ба саг монанд аст, ҳамроҳи бачаҳош бемалол сайругашт дорад. Рӯбоҳ чунон зебо роҳ мегардад, ки ҳаваси кас меояд. Ҳамон вақт низ беихтиёр афсонаи халқии “Рӯбоҳи ҳилагар” ба хотирам расиду ҳайрон шудам. Ҳис накардам, ки чӣ гуна шикорчӣ рӯбоҳро ба нишон гирифт.
Танҳо даме, ки садои тир ба атроф ғулғула андохта хомӯширо халалдор намуд, ба худ омадам. Шикорчӣ хурсандона аз ҷояш хеста, пеш давид. Дидам, ки рӯбоҳ дар хун ғарқ шуда печутоб мехӯрд. Мехост фарзандонашро наҷот диҳад. Хун ҳамоно аз бари гарданаш ҷорӣ буд. Дӯсти шикорчиям маро низ ба онҳо наздик мебурд. Рӯбоҳбачаҳо бо гиряву нола модарро бӯй кашида сипас рӯ ба гурез ниҳоданд.

Ҳангоме ки ба назди рӯбоҳи захмин расидем, манзараи мудҳише ошкор шуд. Рӯбоҳ дар хуни худаш тапида тоб мехӯрд, фуқашро ба замин зада нияти хестан мекард. Шикорчии беинсоф яку якбора бо камони дасташ ба фарқи сари рӯбоҳ кӯфта нидо кард:

— Бин, ин лаънатиро, чи хел фиребгару айёр аст. Агар ҳозир якушемаш, боз гурехтанаш мумкин.

Ин лаҳза ҳис кардам, ки на рӯбоҳи захмини дар хоку хун чӯлида, балки шикорчии беинсоф ҳилагар будааст. Ҳилаи шикорчӣ ҳазору як маъно дошт, маълум набуд, ки рӯбоҳро барои пӯсташ шикор кардааст ё барои овозаю дарвозааш. Шикорчӣ нигоҳи хунукашро аз ҷонкании рӯбоҳ дур карда боз мегуфт: “Ох, рӯбоҳи ҳилагаре!”

аз 7
навбатӣ