Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
хайрухуш мекунанду мераванд. Исмоил ба Фазл бинни Аҳмад ва Исмат бинни Муҳаммад ба ҷойи пештараи худ бармегарданд.
Исмоил саволомез ва бо тааҷҷуб ба ҳамсӯҳбатонаш менигарад.
Исмоил: Оё Шумо дар бораи ин “фақеҳи бузург” чизе медонед?
Фазл: Агар хато накунам ӯ бояд Абуабдулло Муҳаммад бинни Аҳмад бинни Ҳафс бинни Забаркони Бухорӣ ҳанафӣ бошад. Ҳарчанд ӯ Абулҳафси Сағир аст, алхол аз ӯ бузургтар фақеҳе дар Бухоро нест.
Исмоил: Ёдам омад. Ӯ писари Абулҳафси Кабир. Аз падари бузургворам дар бораи ишон бисёр қиссаҳо шунидаам. Якеш ин, ки Исмоили Бухороиро аз фатво додан манъ фармуд. Ӯ таваҷҷӯҳе ба маънии Абулҳафс накард ва аз фатво додан боз наистод, то он ки вақте аз ӯ суол шуд, ки агар ду кӯдаки ширхор, духтар ва писар аз шири як гов ва ё гӯсфанд бихӯранд, ризоъ байни он ду ҳосил мешавад ё на ва дар сурати субути ризоъ ин ду ба якдигар ҳаром хоҳанд буд ё на? Ӯ ба субути ризоъ ва ҳурмати издивоҷ фатво дод ва мӯҷиби он шуд, ки мардум бар вай шӯриданд ва ӯро аз Бухоро хориҷ карданд.
Исмат: Пас Исмоилро хориҷ карданд, то Исмоилро ворид кунанд (Механданд). Ҷаноби олӣ ба дониш низ аз соҳиби “Саҳеҳ” камтар наянд. Назди ҷадди аълову падари бузургвор илми ҳадис омӯхтаанд.
Исмоил (ба Фазл): Гумон мекунам чизеро аз мо пинҳон медоранд. Ва ё зиёдтар медонанду хасисӣ мекунанд.
Исмат: Он қадар медонам, ки медонам.
Исмоил: Ин роз ҳам ошкор шуд, ки ишон аз Сукрот ҳам сабак бурдаанд... (механданд).
Исмат: Ин роз нест, балки як ҳақиқати мусаллам аст.
Онҳо ба ин минвол, яъне шӯхикунону хандакунон ба сӯйи дарвоза мераванд ва паси табақаҳои он ғайб мезананд. Оҳу танҳо даруни боғ мечарад. Ва аз канораҳои боғ садои зӯзаи гурге баланд мешавад.
Қасри Наср
Толори барҳаво, ду рад сутунҳои мунаққаш. Паси сутунҳо суффаҳо ва рӯйи суффаҳо шоҳзодагону ашрофи Самарканду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё