Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
чанде баъд ӯро узл намуд. Муҳаммад бинни Зайдуя ба ҷамъи душманони Яъқуб пайваст ва ба назди Муҳаммад бинни Восил ҳокими Форс рафт ва ӯро бар зидди Яъқуби Лайс таҳрик кард. Яъқуб ҳукумати Сиистонро ба Азҳар бинни Яҳё супурд ва барои саркӯб кардани онон озими Форс шуд. Яъқуб дар моҳи шаввол ба Форс наздик шуд ва чун ба Истаҳр расид, ба осонӣ бар он ҷо тасаллут ёфт. Аҳмад бинни Абдуллоҳи Хуҷистонӣ бар Яъқуб осӣ шудааст ва бими он дорад, ки дар Хуросон ошӯбе баранжезад.
Амир Наср: Дар чунин вазъе бародари мо бе ҳеҷ сабаб ба Самарқанд бармегарданд, ба тадриси улуми ақлия машғул мешаванд.
Муҳаммад бинни Нӯҳ: Амирам, Абоиброҳим афсурдаву ғамгинанд. Як солу як моҳ мегузарад ва ҳар рӯз ба дидори ҷаноби олӣ меоянд, вале бор намеёбанд.
Хоҷаи Бузург: Алҳол паси дар нишастаанд.
Амир Наср: Бифармоед, бо эшон дигар чӣ тавр рафтор намоем?
Муҳаммад бинни Нӯҳ: Хоҳиш мекунам, амирам, агар аз эшон ҷурме ба нисбати ҷаноби олӣ содир шудааст, аз дари доду бахшиш дароед.
Абдуҷаббор бинни Ҳамза: Эшонро дигарбора ба Бухоро бифиристед.
Амир Наср: Ишон аз ин амр сар заданд ва бе ҳеҷ дастур Бухороро ба ҳоли худ гузошта ба Самарқанд баргаштанд. Ман намедонам, ки чӣ мехоҳанд.
Муҳаммад бинни Нӯҳ: Ман кафолат медиҳам, ки эшон низ ҳамчунин мехоҳанд. Ва сониян дар чунин вазъ ба Бухоро рафтани Абоиброҳим зарур аст.
Амир Наср: Намефаҳмам, ин хоҳиши шумост ё Абоиброҳим?
Аҳмад бинни Нӯҳ: Хоҳиши ҳар ду тараф.
Амир Наср: Хоҷаи Бузург чӣ мефармоянд?
Хоҷаи Бузург: Ман ҳам ба ин фикр мувофиқам. Барои хиттай Бухоро аз амир Исмоил беҳтар номзаде нест. Бо Бухоро рафтани амир Исмоил вазъияти он вилоят ором мегирад ва хотири шоҳам низ аз сарҳадоти шимолу ғарбии кишвар мутмаин мегардад.
Абдуҷаббор бинни Ҳамза: Фазлу камол, тадбиру дониш ва силоҳшӯрии Абоиброҳим ҳама ҷо, ки эшон ба расолате рафтаанд, намудор гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё