Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бурд.
Амир Исмоил: Пас ту ҳам мехоҳӣ аз душман ҳароснок шавӣ ва дар он паноҳ барӣ?
Аҳмад: На ҳаргиз! Ман бо душман набард мекунам.
Амир Исмоил: Барои он ки диж рӯйин шавад бояд, мардумони он силоҳшӯру паҳлавон бошанд. Он гоҳ ҳеҷ душ-мане наметавонад онро фатҳ кунад.
Аҳмад: Ман мехоҳам ба мисли Рустам паҳлавон бошам.
Амир Исмоил: Бисёр хуб. Алҳол барои Рустам шудан бояд ғизо хӯрд. Рафтем, дер шуд.
Қасри шоҳ
Хоҷаи Бузург: Дар сарҳадоти ҷанубу ғарбии кишвар, яъне Хуросону Форс вазъият ноором аст. Яъқуби Лайс ҳамчунон ба лашкаркашиҳои хеш идома медиҳад. Ӯ баъ-ди фатҳи Гургону Табаристон қасди Форс дорад. Аз ин рафтори Яъқуби Лайс халифа Мӯътамад розӣ нест ва ин нооромиҳо бими он дорад, ки мардуми Ироқро бар зидди халифа барангезад.
Амир Наср: Вазъи кишвари мо чун аст?
Хоҷаи Бузург: Дар қисмати шимолу шарқӣ, яъне Фарғ-онаву Исфиҷобу Чоч вазъият ором аст. Дар атрофи Бухо-ро яке аз дуздон халқеро ба худ гирд кардааст. Онҳо рин-дону авбошон ва айёрони рустоҳо ҳастанд ба теъдоди ча-ҳор ҳазор. Ва байни Ромитану Баркад роҳ мезананд. Би-нобар ба хабарҳои тоза ишон қасди ғорати Бухороро ҳам дар сар доранд.
Амир Наср: Иллати ба Ироқи Аҷам лашкар кашидани Яъқуб чист?
Хоҷаи Бузург: Мегӯянд, вақте халифа аз лашкаркашии Яъқуби Лайс ба Гургону Табаристон огоҳ шуд, ба ҳоҷиён, ки аз Хуросон ба ҳаҷ рафта буданд, пайғом дод, ки “Мо қабл аз ин Яъқуб бинни Лайсро ба аёлати Сиистон сарфа-роз кардаем, акнун, ки аломати туғён аз ваҷаноти ҳоли ӯ зоҳир шуд, ҳукм мекунам, ки бар вай лаънат кунед”. Чун ҳоҷиёни хуросонӣ беандоза аз Яъқуб метарсиданд, чораё-ни ҳолро ба ӯ гуфтанд. Ӯ ба Нишопур бозгашт ва барои тасхири Форс озими он минтақа шуд. Дигар ин, ки Яъқуби Лайс яке аз сардорони сипоҳи худ ба номи Муҳаммад бин-ни Зайдуяро ба ҳукумати Кӯҳистон фиристода буд, вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё