Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Хоҷаи Бузург: Ҳама кори амир Исмоил рустамона аст. Мушкилотро рӯи зарурат ҷое ба ҳусни тадбир ва ҷое бо зӯри синон ҳал кардаанд.
Амир Наср:
Меҳтарӣ гар ба коми шер-дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.
(Баъд аз маҳси дуру дароз): Амир Исмоилро даъват кунед.
Ҳоҷиб ба ҳаяҷон аз дар бадар мешавад. Ва пас аз лаҳзае бо амир Исмоил бармегардад. Амир Наср ҳанӯз шеър мехонад:
Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ дар канор...
(ва ба истиқболи амир Исмоил меравад, ҳамдигарро оғуш мегиранд. Ҳама шоду хурсанд менамоянд).
Амир Наср қадамзанон ба сӯйи тахт ва пушт ба ҷониби ҳозирин мегӯяд:
- Мо тасмим гирифтем ва ҳамчунин дӯстон шафоат оварданд, ки шуморо дубора ба Бухоро эъзом намоем.
Амир Исмоил: Шоҳам...
Амир Наср (сухани ӯро бурида маҷоли гуфтан надода ва суханашро дунбола мекунад): Ҳар он чӣ буду гузашт, мо фаромӯш кардем. Донистан мехоҳем, ки дар ин хусус фикри ҷаноби олӣ чист? Оё ба тасмимоти мо, шафоати дӯстон мувофиқанд ё не.
Амир Исмоил (дар баробари тахт ба зону мезанад ва замин мебӯсад): Шоҳам... Шоҳам... Банда сари мӯ ба ризояти шоҳам хилоф накардаам, ҳатто дар пиндорам низ ба хеш иҷоза надодаам, ки хилофи ризояти ҷаноби олӣ бияндешам. Маъзурам.
Амир Наср: Ба гузаштаҳо салавот. Бархезед, зону шикастан кори озодагон нест... (Ҳанӯз дар оҳанги сухани амир Наср нобоварӣ ва ранҷиш эҳсос мешавад).
Амир Исмоил ҳамчунон изтиробзадаву ҳиҷолаткашида аз ҷой мехезад ва ба шоҳ таъзим мекунад.
Амир Наср: Ин бор мо ба шумо озодиҳои зиёдтаре медиҳем. Ончунон, ки салоҳ медонед, амал мекунед. Хироҷи яксолаи вилояти Бухоро панҷсадҳазор дирамро ташкил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё