Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил ба ҳуҷраи андарунӣ, ки хазинаи китоб бояд бошад, ворид мешавад. Нуре, ки аз сақф вориди ҳуҷра мешавад, атрофро хеле рӯшан намудааст.
Китобдор: Нафаҳмидам. Оё чизе шуда, ки амирамро аз кор барканор кардаанд? Дар шаҳр овозаҳо ҳастанд, ки эшонро соҳибшуртаи Самарқанд таъин кардаанд.
Амир Исмоил: Магар ин маънои барканор кардан аз корҳои давлатиро надорад?!
Китобдор: Модом, ки чунин аст, тасмим гирифтаанд, ки ба омӯзишҳои худ идома диҳанд? Дар илми ҳадис, ки онро аз падари хеш фаро гирифтаанд, комиле бошанд. Гумон мекунам ба фиқҳ мепардозанд.
Амир Исмоил: (Меҳандад). Ҳадису фиқҳ илмҳое ҳастанд, ки чун мане ҳар рӯз ба онҳо сару кор дорад, ва чун манеро донистани онҳо аз воҷибот ба шумор меравад. Вале омӯзиши ман дар дигар хусус аст. Хеле мешавад андешаи маро масъалаи як ҳукумати фаррӣ, ки бар доду адолат бунёдгузорӣ мешавад, машғул медорад.
Китобдор: Худ ҳукумати фаррӣ як масъала аст. Ва татбиқи он масъалаи дигаре ва аз муҳимтарин масъалае! Пояи он бар дод, муқаддас донистани зиндагӣ ва парвариши ҷон аст. Ҳамин тавр?
Амир Исмоил: Ҳамин тавр.
Китобдор: Фикр кардед, ки бо пиёда кардани ин андеша шуморо ба баддинию бидъат ва куфр гунаҳкор мекунанд?!
Амир Исмоил: Шумо ҳам ба мисли дигарон андеша мекунед. Муҳим ин ҷо барои парвариши хирад замина муҳайё кардан аст. Худ хирад аз бузургтарин тарозуи амал аст. Парвариши хирад пиёда кардани иродаи озод аст. Ҳидоят ба сӯйи ободиҳои диёр аст, парвариши ҷонҳост.
Китобдор: Касе ба шумо иҷоза нахоҳад дод, ки мардумро аз корҳои ухравиаш, яъне иморати охираташ барканор доред ва маҷбур ба иморати ширку гуноҳ созед.
Амир Исмоил: Обод доштани ин дунё дар ҳеҷ дине ширк нест. Мо худ ба чашми хеш дидем, ки ин бадавиёни саҳрой биҳишти мавҷудро дар воқеъ дар диёри мо ёфтанд ва он рисолатеро, ки дар мусалмон кардани мо доштанд, аз ёд бурданд, ва боғу роғ, молу мулки моро соҳиб карданд, мардуми моро ба ғуломӣ бурданд, ҳарчанд тороҷи моли муъмин куфр аст. Мардум ҳарчанд ба ислом гаравида бошад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё