Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ҳам, вале тороҷ шуд, ба баҳонаи саркашӣ аз шарҳу ислом ва зидди ҳукоми маҳаллӣ ба бардагӣ бурда шуд. Ин чизҳо ба мо имкон медиҳад, ки хирадро парваронем, ҳукумати додро поя бигузорем. Фақат аз ҳамин роҳ метавонем бар душмани бадавии хеш фоиқ оем. Дар асоси ислом ҷаҳонбинии хешро, ки ҳазорсолаҳо бар тавҳид асос ёфтааст, аз нав зинда созем.
Ба ҳамин қасд назди ишон омадам, ки кӯмакам намоянд, ҳар чӣ аз таъриху дониши гузаштагон аст, барои ам муҳайё намоянд.
Китобдор: Амирам бо забони паҳлавӣ ва арабӣ ошноии комил доранд?
Амир Исмоил: Бобо, маро тамасхур мекунед?!
Китобдор: Забонам сӯзад, ман куҷову ҷуръати тамасхур кардани чун шуморо куҷо. Ман воқеан аз забондонии ишон огоҳӣ надорам. Барои ҳамин ҳам пурсидам.
Амир Исмоил: Паҳлавиро аз бобоям ва арабиро аз падари бузургворам омӯхтаам ва дар назди устодони ин соҳа аз имтиҳон ҳам гузаштаам.
Китобдор: Дар мавқеи шумо инсон воқеан бояд донишманд бошад, хирадманд бошад. Узр мехоҳам. Ин мадораи, ки амирам мехоҳанд, кай лозим доранд?
Амир Исмоил: Ҳозир.
Китобдор: Фурсате таъхир накарда ба хизматашон мерасонам. Ҳамин ҳозир аз дунболатон мерасам.
Амир Исмоил: Ман бо худам мегирам.
Китобдор: Заҳмат мешавад! Ман намегузорам...
Амир Исмоил: Не, шумо заҳмат накашед, уламои зиёде бо шумо сару кор доранд, интизор кардани онҳо кори хуб нест. Ман бо худ мегирам, агар зиёд бошанд ҳам, боке нест, бо худ ёвар овардаам. (Табассум мекунад).
Китобдор: Ман шарманда ҳастам. Э хок бар сари ман! (Аз ҳуҷра бадар меравад ва баъд аз чанд лаҳза бо бастаи китоб бармегардад. Тамоми ин муддат амир Исмоил танҳост ва китобдорро пеши худ варақ мезанад). Узр, амирам, узр... Ба худ ҷуръат медиҳам, ки аз шумо бипурсам. Ин ҷо уламо фақат бар ду илм фиқҳу ҳадис машгуланд. Пас чӣ тавр амирам ин масъаларо поярезӣ мекунанд?
Амир Исмоил: Фарзандони ин диёр, ки дар ҳар илме олиманд, хизмати аъроб мекунанд. Мо дар аввал заминаро барои баргашти онҳо муҳайё месозем. Дуввум, насли дигареро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё