Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
аст. Ҳар гоҳ, ки гов хаста мешавад, заминро аз рӯйи як шоҳаш ба рӯйи шохи дигар мелағзонад ва ҳамин кор мӯҷиби заминларза мешавад.
Аҳмад: Устодам зимни тафсири ояти “Лаҳу мо фӣ ас-самовотӣ ва мо фил-арзӣ ва мо байнаҳуммо ва мо тахт-ас-саро” ин қиссаро нақл карданд.
Амир Исмоил: Пас ту ин қиссаро медонӣ?
Аҳмад: Оре. Ҳамчунин дар хусуси Гӯсолаи Заррин қиссаҳо гуфт.
Амир Исмоил: Офарин...
Ҳамин вақт китобдор — ҳамон мӯйсафеде, ки дар сурати Мӯғ бар амир Исмоил зоҳир мешуд, ба толор мебарояд.
Китобдор: Дуруд ба амири Бухоро, дуруд ба шоҳзодаи ҷавону далер... (Як-як даст зада) Хуш омаданд, нури дида, тоҷи сар.
Амир Исмоил: Дигар ман фурсати зиёде дар ихтиёр дорам ва метавонам аз дӯстонам дидан ба амал оварам ва омӯзиши хешро давом диҳам.
Китобдор: Ба хайр аст?
Амир Исмоил: Оре, ба хайр аст. Фақат ҳамин қадар, ки ман ба Самарқанд баргаштам. Ин фоли нек аст.
Китобдор: Гумон мекунед?
Амир Исмоил: Чаро не?! Хушбахтона, дар хонадони мо шахсиятҳои лоиқ хеле зиёданд. Ман фақат аз ишон бо як афзалиятам фарқ мекунам: силоҳшӯрӣ. Ин ҳам аз он ҳисс аст, ки ба гузаштаҳои пурифтихори қавму меҳанам ишқ меварзам ва фахр мекунам. Маҳз ҳамин эҳсоси ифтихор маро силоҳшӯр кардааст. Дар вазъе, ки кишвари мо қарор дорад, эҳсоси ватандӯстӣ дигар хел зуҳур карда наметавонад. Бо ин эҳсос бояд фақат силоҳшӯр шуд!
Китобдор: Дер боз ин ҷо ҳастед?
Амир Исмоил: Не. Ҳанӯз ба мирзода саҳнаи аввали нигораро тафсир надода будам, ҷанобашон ҳозир шуданд.
Китобдор: О, шоҳзода ҳам ба фарҳанги гузаштаи меҳани худ мароқ доранд?!
Амир Исмоил: Инон ҳанӯз ҳамирмоя ҳастанд. Шакл бастанашон ба маҳорату ҳунари кӯзагар марбут аст.
Китобдор: Бифармоед, ба дарун.
Амир Исмоил: Мирзода ин ҷо бошанд ва нигораҳоро тамошо кунанд, ҳини бозгашт дар хусусашон сӯҳбат мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё