Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
гӯсфанда андаруни он ҷой хоҳад гирифт. Дар атрофи хурдтарин пайи ӯ ҳазор марди савор давр зада метавонад ва вақте, ки ин ҷонвари нек сар дар дарё фурӯ барад ва гӯшҳои хеш бичунбонад, укёнус ба ҷӯшу хурӯш афтад, ларзаву изтироб дар доманаи кӯҳи Гуновад падид ояд, аз таъсири овози ӯ ҳамаи ҷонварони моддаи нек дар укёнус обистан шаванд ва ҷонварони аҳриманиву бад аз биму ҳарос бача сақат кунанд. Агар худованд ӯро намеофарид, оби укёнус аз осеби Аҳриман ях мебаст ва тамоми ҷонварон ҳалок мешуданд.
Ин дарахти сар ба фалаккашида, ки тамоми паррандагон бо сарварии Симурғ бар шоҳсори он лона гузоштаанд, "дарахти ҳаматухм" аст. Тамоми рустаниҳо аз тухми ӯ рӯидаанд. Дар мавриди ҳайвонот низ эътиқод бар ин буд, ки гове ба номи Увагдат тухми куллияи чорпоён ва ҳатто бархе гиёҳони судмандро бо худ дошт. Ин гов ягона маҳлуқи рӯйи замин ва ҳайвоне буд зебову неруманд, ки гоҳе ӯро ба сурати гове нар ва гоҳе ҳам дар ҳайати гове мода тасвир кардаанд.
Баъдан Каюмарс низ монанди ин гов аз хок падид омад ва чун рустане аз замин рӯйид ва то се ҳазор сол ҳар ду дар оромиш буданд. Ҳангоме, ки деви бадӣ ба гови нахустин расид, гов алорағми талоши худованди якто бемор шуд ва саранҷом чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Сипас аз ҳар як аз аъзои гови нахустин панҷоҳупанҷ навъи гиёҳи шифобахш рӯйид. Аз тухми он як ҷуфт гови нару мода падид омад ва ба дунболи онҳо дувисту ҳаштоду ду ҷуфт аз ҳар як аз ҳайвоноти рӯйи замин зоҳир шуд. Ин афсона хеле дуру дароз аст. Дар ривоёти кӯҳан ҳаст, ки яке аз аъмоли ҷобиронаи Ковус, яъне бузургтарин гуноҳи ӯ куштани говест, ки нигаҳбони марзҳои Ирону Турон буд. Ин говро Хурмузд офарид, то чун низои байни Ирону Турон даргирад, ӯ суми хеш дар ҳадди воқеии Ирону Турон бикӯбад ва ҷангу ҷидол аз байн биравад.
Аҳмад: Ҳадди ин марзҳо куҷост?
Амир Исмоил: Дар он сӯйи кишвари Исфиҷоб, дар иқлими ҳафтум ва шимолии Чин. Ин ақвоми бадбахт аз он кишвари дуру сарду безиёъ ба меҳани муқаддаси мо ҳамлаовар шудаанд.
Аз ин рӯ гузаштагон муътақид буданд ба он, ки Замин рӯйи шохи гов қарор дорад ва гов бар пушти моҳии бузург, яъне говмоҳии Харо ва 9 дар дарёи Фароҳкарт шиновар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё