Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
осуда ғунудааст. Аспи сафеде ба сӯйи уфуқҳои дур меда-вад, бе савор аст. Ва марде мусаллаҳ ба самти он асп ра-вон аст. Ва офтоб аз паси мурғи афсонавии сари дарахт ҳамчун ҳалқаи заррини мушаъшаъ нурпош мебошад. Филе маст ба паланге ҳамлавар.
Ин ҳама болои шохи гови бузурге ва гов болои моҳии бузургтар. Ва моҳӣ дар замини бекарон.
Аҳмади хурдсол ба нигора наздиктар меравад ва бо диқ-қати ҳар чӣ томтар ба он менигарад.
Амир Исмоил: Ин нигора чӣ маънӣ дорад? Мефаҳмӣ? Номи ин дарё Фаррохкарт аст, ба маънои “Бузургсохил” ё Фаррохканор. Тиштр-эзади борон бо Апӯш-деви хушкӣ ба пайкор мехезад ва дар се навбат бар вай пирӯз мешавад ва ҳар бор муддати даҳ шабонарӯз борон меборад. Селҳо мехезанд. Дар асари ин селҳо Ахриману ёронаш нобуд ме-шаванд ва онгоҳ боди тунде мевазад ва обҳоро ба канорае мебарад, ки аз онҳо дарёи Фаррохкарт ба вуҷуд меояд. Ин дарё як севвуми заминро ишғол мекунад ва чунон азим аст, ки оби ҳазор дарёҷаро дар бар дорад. Ҳамаи обҳо аз чаш-маи Ардависур-Анохит ҷорист. Дар роҳи худ як сад ҳазор маҷрои заррин ҳосил шуда ва оби гарму зулол аз ин маҷ-ро гузашта ба сӯйи кӯҳи баланди Хукайра равон мешавад. Баъзе аз ин дарёчаҳо ба андозае бузурганд, ки як марди савор дар чиҳил рӯз даври онро наметавонад паймуд. Ин дарё дар аввал дар осмон ҷой дошт. Онро нӯҳсаду наваду нӯҳ ҳазору нӯҳсаду навуду нӯҳ фаришта посбонӣ мекунанд.
Ин дарахт Гауқарана ном дорад. Барои он, ки бар вай Ахриман осеб нарасонад, моҳии Караро ба посбонии он гумоштаанд.
Ин шеърҳо маҳзари қудрату тавон ва нерӯ мебошанд ва бо калимаи шоҳу шаҳриёр аз як реша ҳастанд ва ба асл ҳар ду намояндаи хуршеданд. Ин моҳӣ Восӣ аст. Ин моҳӣ дар миёнаи дарёи Фарохкарт зиндагӣ мекунад. Тамоми ҷонварони худоофарида андар ин дарё таҳти ҳимояти вай мебошанд. Ана ин, ки ҳама чиз рӯйи шохи зарринаш қарор дорад, Харо ном дорад. Ин ҳам дар миёни дарё зиндагӣ мекунад ва се по дорад. Баданаш сафед аст, пок аст, шаш чашму нӯҳ пӯзаву ду гӯш ва як шохи заррин дорад ва аз он ҳазор шохи дигар рӯйидааст ва ба воситаи онҳо ҷонваро-ни бадро нобуд мекунад. Гӯшаш ба андозае бузург аст, ки тамоми вилояти Мозандаронро ё Хоразмро фаро мегирад. Ҷойи қадами вай ба андозае калон аст, ки як рамаи ҳазор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё