Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
месозад. Мурод аз ба кор бастани ин сиёсат ё фалсафа чизи дигар аст? Чаро мо ин соатҳои дароз дар хусуси “бақои миллат” ҳарф мезанем? Муроди мо зинда кардани ойини гузаштагон нест. Балки аз вежагиҳои бунёдии ин андеша асли растохези он аст. Асли симурғӣ дорад. Симурғ ҳам дар андешаи гузаштагони мо худро пас аз ҳар кушта шудане аз нав меёфаринад. Озурдани ӯ ангезаи худофаринии ӯст. Ин аст, ки шикасти Симурғ ҳамеша пирӯзист. Вақте ин вежагиро дар чаҳорчӯбаи мафҳуми сарчашмаи қудрат ва ҳукумат будани симурғ ё хирад ё меҳр бигзорем мебинем, ки маъное ҷуз ин намедиҳад, ки набудани ҳукумат ва низому фарҳанги миллати эронӣ бояд фақат сабаби боззойӣ ва худофаринии миллати Эронзамин гардад. Ва бо растохези ҳамин вежагиҳост, ки метавон рӯзе ҳукумати озоду додгар офарид, ки интибоқ бо ин вежагиҳо дошта бошад.
Чанд лаҳзае ҳама хомӯш монданд. Вале аз аввал то ба охири ин сӯҳбат муғи пир дар сурати номарҷӣ ҳузур дорад. Ӯро фақат амир Исмоил мебинад ва гӯё бо ӯ сӯҳбат дорад ва ба назари бинанда чунин мерасад, ки он пирмард аз забони Исмоил сухан мегӯяд. Ин ҳолат фақат барои бинанда ва Исмоил маълум аст.
Амир Исмоил: Албатта аз ин суханон чунин бардоште ҳосил нашавад, ки гӯё ман даъвогари тоҷу тахти Вароруд ҳастам. Ман фақат ормонҳои хешро аз як давлату ҳокимияти фаррӣ иброз доштам. Ҳамаи ин омилҳо сабаб шуд, ки ман Бухороро тарк гӯям, зеро бори масъулияти ин маъмурият барои ман вазнинӣ мекунад. Яъне барои заррае ҳам пиёда кардани онҳо ман маъмурият надорам. Он чӣ бар ӯҳдаи ман гузошта буданд, ҳар каси дигар ҳам қудрати иҷроиши онро дорад. Ман рисолати худро дигар мебинам. Албатта ин афзунталабӣ нест, исёну ёғигарӣ нест, эътироз нест, ҳатто ношукрӣ аз марҳамати амирам ҳам нест. Аз ба амал бароварда натавонистан қабул накардан беҳтар аст. Хоҳиш мекунам, маро дуруст бифаҳманд. Аз як сухани бетаҳаммул ошно бегона мегардад.
Балъамӣ: Модом, ки зиндагӣ муқаддас аст, ҷангу ҷиҳод бемаъност. Он гоҳ ҳар қавме метавонад бар мо тасаллут ёбад ва зулм кунаду ҷон биёзорад.
Амир Исмоил: Қавми мо бино бар он рисолате, ки бар ӯҳдааш гузоштаанд ё он ки фитрати азалиш аст, фақат ҳаққоният ба як навъ ҷанг доранд ва он ҷанг барои боздоштани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё