Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

озордиҳандагони зиндагонӣ дар ин гетӣ аз озор мебошад. Аз ин рӯ барои ақвоми эронӣ зиндагӣ ҷиҳод барои ақида ва дину мафкура нест, балки пайкор барои ҳифзи ҳаққи зисти ҳар инсон аст. Ҷангҳои мо бо шабушхӯрҳои шимол аз ҳамин роҳ аст. Ва минбаъд бояд ин ҷангҳо зиёдтар шаванд, то тавонем онҳоро аз сарҳадоти хеш ба диёрашон қафо партоем. Ман дар ҷанг бо ин ваҳшиҳо ҳамин касдро шиори худ дорам. Онҳо ба маънии томаш озорандагони ҷону зиндагӣ ҳастанд.

Балъамӣ: Чаро гумон намебаред, ки Симо-ал-Кабир аз ин суханони шумо намеранҷад?

Симо-ал-Кабир: Ман ҳаққи ранҷишро аз амирам надорам.

Амир Исмоил: Ин суханҳо ба ҷаноби Симо-ал-Кабир заррае тааллуқ надоранд. Инҳо ба сабаби ба шабушхӯрҳо мушаббеҳ шуданашон турк хонда мешаванд, вале дар асл аз қавми мо ҳастанд.

Балъамӣ: Оё ин рост аст?

Симо: Бале. Аҳли шаҳри Тироз аслан мардуми суғдӣ ҳастанд ва ба сабаби тасарруф шуданаш ба дасти чашмтангҳои шимол, шаҳри туркон ба ҳисоб меояд. Туркҳо дар он нуфус надоранд ва гирдогирди он беруни шаҳр дар чодарҳо зимистон мегузаронанд ва дар шаҳр бозор мекунанд. Алҳол ин шаҳрҳоро бо номи турк бурдан як хатои ом шудааст.

Балъамӣ: Пас муваттани онҳо куҷост?

Симо: Шимол, ки манзили сармост ва дар шимолу шарқии Чину Муғулистон. Динашон шаманӣ аст. Мо то мусулмон шудан қисме мознавӣ ва қисме насорӣ будем. Ва замоне моро ба асирӣ оварданд, чун турки ғулом харидуфурӯш карданд. Ва аксари сарҳанғову сипаҳсолорҳо аз қавми мо ҳастанд, вале барҳато турк номида мешаванд.

Амир Исмоил: Оё аз чеҳраву мӯю рӯяшон пай намебаред, ки ишон бо он шабушхӯрҳои ваҳшӣ ҳеҷ умумияте надоранд? Ҳукумати мо бояд аз ин хатари бузург мардумонамонро барои абад эмин созад, вагарна вуҷуди ҳукумату давлати мо бемаънӣ мебуд. Сухан дар ин хусус хеле дароз аст. Бо ҳамин кӯтоҳаш мекунем.

Балъамӣ: Дуруст аст, ки мо боиси захмати амирам шудаем ва на гузоштем, ки ғубор бияфшонанду кӯфтагии роҳ бароранд. Маъзурем.

пешина
аз 675
навбатӣ